Обшавии пиряхҳои Ҳимолой дар 10 соли охир 65 дарсад суръат гирифтааст

Обшавии пиряхҳои Ҳимолой дар даҳ соли охир ба таври назаррас суръат гирифта, ин раванд нисбат ба солҳои қаблӣ 65 дарсад афзоиш ёфтааст.

 Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи чунин раванд метавонад хатари офатҳои табииро барои миллионҳо сокини минтақа бештар кунад. Дар ин бора дар гузориши муштараки ширкати консалтингии Systemiq ва созмони ғайридавлатии Ҳиндустон Integrated Mountain Initiative (IMI) гуфта мешавад.
Ин масъала баъди обхезиҳое, ки рӯзи 26 август дар минтақаҳои Непал дар наздикии марзи Чин рух доданд, бори дигар ба мавзӯи мубрам табдил ёфт. Он замон эҳтимол дода шуда буд, ки сабаби офат метавонад фурӯрезии пиряхҳо бошад. Бар асари обхезиҳо беш аз 1300 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Тибқи гузориш, дар минтақаи Ҳимолой тақрибан 40 ҳазор пирях мавҷуд аст, аммо танҳо дар 0,1 дарсади онҳо мониторинги мунтазам гузаронида мешавад. Маълумот дар бораи вазъи доимии пиряхҳо боз ҳам камтар аст. Тағйирёбии ҳолати онҳо метавонад хатари офатҳои табииро бештар кунад.
Обшавии пиряхҳо метавонад берун аз ҳудуди минтақа низ паёмадҳои дарозмуддат дошта бошад. Ба гуфтаи мутахассисон, халалдор шудани занҷираҳои таъминот, кӯчонидани маҷбурии аҳолӣ ва афзоиши танишҳои геополитикӣ аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Таҳқиқоти мазкур ба вазъ дар Ҳиндустон бахшида шудааст. Гарчанде кӯҳҳои Ҳимолой тақрибан 18 дарсади ҳудуди Ҳиндустонро фаро мегиранд, тақрибан 35 дарсади офатҳои табиӣ дар ҳамин минтақа рух медиҳанд, хабар медиҳад Kazinform.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: