Шоҳмотбозони Ӯзбекистон Олимпиадаи ҷаҳониро бо пирӯзӣ оғоз карданд

Дар даври аввали 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби мардона ва занонаи Ӯзбекистон бомуваффақият баромад карданд.

Дар сабқати мардон дастаи Ӯзбекистон-1 бар мунтахаби Ямайка бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Дар ҳайати даста Нодирбек Абдусатторов, Нодирбек Ёқуббоев, Шамсиддин Воҳидов ва Муҳиддин Мадаминов ба тахтаи шоҳмот нишастанд. Ҷавоҳир Синдоров дар даври аввал истироҳат кард.
Дастаи Ӯзбекистон-2 бар Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Мунтахаби Ӯзбекистон-3 бошад, дастаи Молиро бо ҳисоби 3,5:0,5 мағлуб намуд.
Дар сабқати занон низ ҳар се дастаи Ӯзбекистон даври аввалро бо пирӯзӣ анҷом доданд. Ӯзбекистон-1 бар Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 4:0, Ӯзбекистон-2 бар Того бо ҳисоби 3:1 ва Ӯзбекистон-3 бар Танзания бо ҳисоби 4:0 ғалаба карданд.
Дар ҳамин рӯз аз миёни дастаҳои асосии фаворит ИМА бар Ироқ бо ҳисоби 3,5:0,5, Ҳиндустон бар Таиланд бо ҳисоби 3:1 ва Чин бар Уганда бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.
Яке аз натиҷаҳои ғайричашмдошти даври аввал шикасти Арҷун Эригайсӣ, яке аз пешсафони мунтахаби Ҳиндустон, буд. Ӯ аз устоди байналмилалии шоҳмоти Таиланд, ки рейтинги ӯ тақрибан 400 хол камтар аст, мағлуб шуд.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон ба ҳайси кишвари мизбон тибқи қоидаҳои мусобиқа дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ҳам дар сабқати мардон ва ҳам занон бо се даста иштирок мекунад.

Ҷуфтҳои даври дуюм
Мардон:

- Ӯзбекистон-1 — Перу
- Олмон — Ӯзбекистон-3
- Алҷазоир — Ӯзбекистон-2


Занон:
- Эквадор — Ӯзбекистон-1
- Ӯзбекистон-3 — Испания
- Урдун — Ӯзбекистон-2

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: