Дар Чин роботҳо робот истеҳсол мекунанд

Ширкати чинии истеҳсолкунандаи роботҳо — UBTECH Robotics — дар шаҳри Лючжоу корхонаи автоматикунонидашударо ба кор андохт, ки иқтидори истеҳсоли солонаи он ба 10 ҳазор роботи саноатии одамшакл мерасад.

Корхона, ки дар ҳудуди Вилояти мухтори Гуанси-Чжуан ҷойгир аст, бар асоси консепсияи «роботҳо роботҳоро истеҳсол мекунанд» фаъолият менамояд. Тибқи иттилои Kazinform, ин нахустин корхона дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки бо чунин миқёс ба истеҳсоли роботҳои саноатии одамшакл машғул аст.
Дар татбиқи лоиҳа бахши ширкати Siemens ба ҳайси шарики технологӣ иштирок кардааст. Консерни олмонӣ дар таҳияи платформаи рақамии идоракунии истеҳсолот кумак кардааст. Ин платформа занҷираи таъминот, васлу насби дақиқи ҷузъҳо ва равандҳои логистикии баландсуръатро ҳамоҳанг месозад.
Суръати пешбинишудаи хатти истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки ҳар 10 дақиқа як робот истеҳсол карда шавад. Дар корхона истеҳсоли роботҳои саноатии силсилаи Walker S, инчунин роботҳои хизматрасони Cruzr ба роҳ монда шудааст.
Маҳсулоти корхона барои навсозии саноат ва бахши мошинсозии вазнин дар Лючжоу, инчунин барои бозори дохилии Чин ва содирот ба кишварҳои АСЕАН пешбинӣ шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: