Аз 18 сентябр то 25 октябри соли 2026 мавсими сеюми BYD VILLEXPO дар шаш шаҳри Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Аввалин истгоҳи ин намоишгоҳи сайёр рӯзи 18 сентябр дар маркази савдои «Кӯк Сарой»-и Ҷиззах ифтитоҳ мегардад. Дар ҳар шаҳр чорабинӣ се рӯз — аз ҷумъа то якшанбе — идома мекунад.
Ба меҳмонон намоиши автомобилҳо, муаррифии технологияҳои муосир, тест-драйв, барномаҳои фароғатӣ, чорабиниҳои интерактивӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ пешниҳод мешаванд.
Ҷадвали BYD VILLEXPO:
- Ҷиззах: 18–20 сентябр
- Самарқанд: 25–27 сентябр
- Навоӣ: 2–4 октябр
- Бухоро: 9–11 октябр
- Қаршӣ: 16–18 октябр
- Тирмиз: 23–25 октябр
Дар VILLEXPO меҳмононро чӣ интизор аст?
Шиносоӣ бо қаторҳои моделҳои BYD. Меҳмонон метавонанд дар тест-драйв ширкат карда, худ пушти чанбари автомобил нишинанд ва аз мутахассисони BYD дар бораи имкониятҳои мошинҳо ва технологияҳои истифодашуда маълумоти муфассал гиранд.
Намоиши суперкарҳо. Мошинҳои YANGWANG U8 ва BAO 5 имкониятҳои худро тавассути иҷрои гардиши 360-дараҷаии «танкӣ» ва намоиши ҳаракат дар роҳҳои ноҳамвор нишон медиҳанд.
Шиносоӣ бо технологияҳои BYD. Технологияҳои аккумулятори Blade Battery, платформаи e-Platform 3.0, технологияи гибридии DM-i, низомҳои идоракунии интеллектуалии автомобил ва хизматрасониҳои абрии автомобилӣ дар шакли интерактивӣ ва ба таври соддаву фаҳмо муаррифӣ мешаванд.
Барномаи фароғатӣ барои тамоми рӯз. Баромадҳои DJ, намоишҳои рақсӣ, викторинаҳои Kahoot, бозиҳо ва қуръакашиҳои ҷоизадор барои меҳмонони синну соли гуногун муҳити ҷолиб фароҳам меоранд.
Туҳфаҳо ва қуръакашиҳои ҷоизадор
Меҳмононе, ки дар маҳалли баргузории чорабинӣ сабтином шуда, ба саҳифаҳои расмии BYD Central Asia дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна мешаванд, туҳфаи хотиравии махсус мегиранд.
Ғолибони викторинаҳои Kahoot соҳиби ҷоизаҳои махсус мешаванд. Иштирокчиёни тест-драйв низ метавонанд пас аз анҷоми он дар қуръакашии махсус ширкат варзида, соҳиби ҷоиза шаванд.
Ҳамчунин, муштариёне, ки дар давраи баргузории VILLEXPO автомобили BYD харидорӣ мекунанд, имкони иштирок дар қуръакашии махсуси харидоронро пайдо хоҳанд кард.
BYD YUAN UP DM-i — яке аз навгониҳои VILLEXPO
Яке аз навгониҳои асосии намоишгоҳ BYD YUAN UP DM-i хоҳад буд. Ин SUV-и паймона имкони ҳаракат бо неруи барқ, сарфаи баланди сӯзишворӣ ва тай кардани масофаҳои дурро ба ҳам меорад.
Захираи ҳаракат дар ҳолати пурра барқӣ то 110 километр, масофаи умумии тайшаванда бошад, то 1100 километр мерасад. Сарфи сӯзишвории автомобил дар даври омехта ҳамагӣ 3,1 литр ба 100 километр буда, ин нишондиҳанда тибқи стандарти NEDC ҳисоб шудааст.
YUAN UP DM-i технологияҳои муосир ва роҳати истифодаи ҳаррӯзаро муттаҳид мекунад. Автомобил бо экрани сенсории 12,8-дюйма ва низоми идоракунии овозӣ бо забонҳои узбекӣ ва русӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Функсияи V2L имкон медиҳад, ки автомобил ҳамчун манбаи таъмини неруи барқ барои дастгоҳҳои беруна истифода шавад. Ин имконият барои сафарҳо ва истироҳат дар табиат низ қулай мебошад.
Шартҳои махсуси маблағгузорӣ
Дар доираи VILLEXPO сокинони минтақаҳое, ки дар онҳо чорабинӣ баргузор мешавад, метавонанд аз шартҳои махсуси маблағгузории BYD YUAN UP DM-i истифода баранд.
Ин пешниҳод пардохти қисм-қисмро бо меъёри 0 фоиз ба муҳлати то 12 моҳ, дар сурати пардохти пешакии на камтар аз 60 фоиз, инчунин имкони гирифтани қарз тавассути шарики молиявӣ — BRB Bank — ба муҳлати то 60 моҳ дар бар мегирад.
Пешниҳод танҳо барои сокинони минтақаҳое дастрас аст, ки дар онҳо VILLEXPO баргузор мешавад. Барои иштирок дар барнома муштариён бояд дар давоми чорабинӣ 5 миллион сӯм маблағи гаравӣ (депозит) пардохт кунанд.
Маълумоти иловагӣ дар бораи барнома ва чорабиниҳо дар каналҳои расмии BYD Central Asia нашр мешавад.
Маркази тамоси расмӣ: 1811
Иммерсив ( аз англисии immersive) - фарогиранда, ба муҳити воқеӣ наздик