Дар Ӯзбекистон синни нафақа марҳила ба марҳила боло бурда мешавад

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи фармони Президенти кишвар оид ба ислоҳоти низоми таъминоти нафақа таҳия шудааст. Дар лоиҳа тадриҷан баланд бардоштани синни нафақа ва тағйири тартиби ҳисобу таъини нафақа пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, аз 1 январи соли 2028 синни нафақа ҳар сол се моҳ зиёд карда мешавад. Дар натиҷа, то соли 2039 синни умумии нафақа барои мардон ба 63 ва барои занон ба 58 сол расонида мешавад.
Ҳамчунин, аз 1 январи соли 2027 тартиби як сол барвақт таъин кардани нафақа тавассути як сол кам кардани синни умумии нафақа бекор карда мешавад.
Дар давраи гузариш барои шаҳрвандони синни пеш аз нафақа як қатор кафолатҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, аз кор озод кардани шаҳрванд ё рад кардани қабули ӯ ба кор танҳо ба далели расидан ба синни пеш аз нафақа манъ карда мешавад.
Барои шаҳрвандони расман бекор эътирофшуда ҳуқуқи барвақт ба нафақа баромадан — ду сол пеш аз расидан ба синни муқарраршуда — нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин, ҳуқуқи гирифтани нафақаи имтиёзнок барои мардон ва заноне, ки тамоми рӯзи корӣ дар корҳои зеризаминӣ, шароити зараровар ё вазнини меҳнатӣ фаъолият кардаанд, боқӣ мемонад.
Имтиёзҳои андозӣ, нақлиётӣ ва соҳаи тандурустӣ барои нафақагирон низ нигоҳ дошта мешаванд. Мардон аз синни 60-солагӣ ва занон аз синни 55-солагӣ метавонанд маблағҳои дар суратҳисоби нафақаи ҷамъшавандаашон бударо гиранд.
Давраи ба ҳисоб гирифтани маош ҳангоми таъини нафақа зиёд мешавад
Аз 1 январи соли 2027 давраи фаъолияти меҳнатие, ки барои ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешавад, тадриҷан зиёд карда мешавад. Муҳлати панҷсолаи охирин ҳар сол як сол зиёд шуда, дар ниҳоят ба 20 сол расонида мешавад.
Ҳангоми муайян кардани маоши миёна барои таъини нафақа 10 фоизи давраи дорои даромади камтарини шаҳрванд аз ҳисоб хориҷ карда мешавад.
Ҳадди ақали собиқаи корӣ барои таъини нафақаи синнусолӣ низ марҳила ба марҳила зиёд мешавад. Талаби ҳозираи 7 соли собиқа ҳар сол як сол афзоиш ёфта, то соли 2034 ба 15 сол расонида мешавад.
Ба шаҳрвандоне, ки собиқаи ҳадди ақали заруриро надоранд, ҳуқуқи гирифтани нафақаи синнусолӣ пас аз панҷ соли расидан ба синни умумии нафақа нигоҳ дошта мешавад.
Барои онҳое, ки дертар ба нафақа мебароянд, имкониятҳои иловагӣ пешбинӣ мешавад
Бо мақсади ҳавасманд намудани шаҳрвандоне, ки баъди расидан ба синни нафақа фаъолияти меҳнатии худро идома медиҳанд ва аз даромади худ андози иҷтимоӣ месупоранд, аз 1 апрели соли 2028 ҳадди ниҳоии маош ҳангоми бори аввал таъин кардани нафақа зиёд карда мешавад.
Ба ҷойи 12 баробари маблағи базавии ҳисобкунии нафақа, 13 баробар ба ҳисоб гирифта мешавад. Агар шаҳрванд 6 моҳ дертар ба нафақа барояд, ин нишондиҳанда ба 14 баробар ва дар сурати 12 моҳ дертар баромадан ба 15 баробар мерасад.
Низоми нафақаи ҷамъшаванда тағйир меёбад
Аз 1 январи соли 2027 ба шаҳрвандоне, ки маоши миёнаи моҳонаашон аз 15 баробари маблағи базавии ҳисобкунии нафақа кам аст, имконият дода мешавад, ки ихтиёран 5 фоизи маоши худро ба суратҳисоби нафақаи ҷамъшаванда гузаронанд. Ба ин маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ то 50 фоиз маблағи иловагӣ пардохт карда мешавад.
Аз қисми маоши миёнаи моҳона, ки аз 15 баробари маблағи базавии ҳисобкунии нафақа зиёд аст, 1 фоиз аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба суратҳисоби нафақаи ҷамъшавандаи шаҳрванд гузаронида мешавад. Ин нишондиҳанда аз соли 2033 ба 2 фоиз ва аз соли 2040 ба 3 фоиз расонида мешавад.
Ба шаҳрвандон инчунин имконият дода мешавад, ки дар ҷойгиркунии маблағҳои суратҳисоби нафақаи ҷамъшавандаи худ ба воситаҳои сармоягузорӣ ва молиявӣ иштирок кунанд. Даромади солонаи бадастомада ба суратҳисоби нафақаи онҳо илова мешавад.
Аз 1 январи соли 2030 истифодаи маблағҳои суратҳисоби нафақаи ҷамъшаванда барои табобати бемориҳои вазнин ва ҳамчун пардохти аввалияи қарзи ипотекӣ иҷозат дода мешавад.
Низоми нафақаи ҷамъшаванда ба Фонди нафақа мегузарад
Аз 1 январи соли 2027 низоми нафақаи ҷамъшавандаи шаҳрвандон аз Бонки «Халқ» ба Фонди ғайрибуҷетии нафақаи назди Вазорати иқтисод ва молия гузаронида мешавад.
Маблағҳои дар суратҳисобҳои нафақаи ҷамъшаванда ҷамъшуда, аз ҷумла маблағҳои иловагии аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва андози иҷтимоӣ пардохтшуда, инчунин даромадҳои аз сармоягузорӣ ва воситаҳои молиявӣ бадастомада, моликияти шахсии шаҳрванд ба ҳисоб мераванд. Ҳуқуқи ба мерос гузоштани ин маблағҳо низ нигоҳ дошта мешавад.
Бо дарназардошти гузаронидани низом ба ихтиёри Фонди нафақа, барои пешбурди низоми нафақаи ҷамъшаванда 31 воҳиди корӣ ҷудо карда мешавад.
То охири соли 2027 маълумот дар бораи пардохтҳои нафақаи ҷамъшаванда ва баҳисобгирии маблағҳои суратҳисобҳои инфиродии нафақа марҳила ба марҳила аз пойгоҳи ягонаи электронии Бонки «Халқ» ба низоми иттилоотии Фонди нафақа гузаронида мешавад.
Барои шахсони худмашғул низоми нав ҷорӣ мешавад
Аз 1 январи соли 2027 барои шахсони худмашғул низоми пардохти андози иҷтимоӣ ҷорӣ карда мешавад. Ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки андози иҷтимоиро дар давоми сол қисм-қисм пардохт кунанд.
10 фоизи андози иҷтимоии пардохтнамудаи шахсони худмашғул ба Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ равона мешавад. Аз ҳисоби ин маблағҳо тибқи тартиби муқарраршуда кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, инчунин барои муваққатан аз қобилияти меҳнат маҳрум шудан пардохт карда мешавад.
Илова бар ин, барои занони аз 55-сола боло ва мардони аз 60-сола боло вақти кӯтоҳи корӣ бо нигоҳ доштани маоши миёна пешбинӣ мешавад.
Ҳангоми таъини кӯмаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат барои муайян кардани мақоми аъзои оила аз занони аз 55-сола боло ва мардони аз 60-сола боло талаб кардани даромади расмӣ пешбинӣ намешавад.
Нақши буҷети давлатӣ дар низоми нафақа зиёд мешавад
Аз 1 январи соли 2027 низоми ҷуброни хароҷот аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷорӣ карда мешавад. Ба ин хароҷот давраҳое дохил мешаванд, ки ба собиқаи кории шаҳрванд ҳисоб карда мешаванд, вале барои онҳо ба Фонди нафақа андози иҷтимоӣ ва пардохтҳои суғуртавӣ ворид нашудаанд.
Ҳамчунин, хароҷоти марбут ба расонидани нафақаҳо то ҳадди ақали муқарраршуда, маблағҳои иловагӣ ва дигар пардохтҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пӯшонида мешаванд.
Ба корхонаҳо ва ташкилотҳо додани имтиёзҳои нави вобаста ба пардохти андози иҷтимоӣ роҳ дода намешавад. Имтиёзҳои амалкунанда аз 1 январи соли 2030 бекор карда мешаванд.
Эҳтимоли таъсиси фондҳои хусусии нафақа
Вазорати иқтисод ва молия то охири соли 2027 лоиҳаи қонунеро таҳия мекунад, ки ба ташаккули муҳити рақобатпазир дар бозори молиявӣ барои ихтиёран ҷамъ намудани маблағҳо ва таҳкими устувории молиявии шаҳрвандон дар давраи пиронсолӣ равона мешавад.
Дар лоиҳа масъалаҳои таъсис ва фаъолияти фондҳои хусусӣ ва корпоративии нафақа низ пешбинӣ мешаванд.
Ҳамчунин, назди Фонди нафақа барои рушди низоми нафақа ва ташаккули низоми устувори нафақа дафтари лоиҳавӣ бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ таъсис дода мешавад.
Замимаи мобилии «Нафақа» таҳия мешавад
Барои шаҳрвандон механизме таъсис дода мешавад, ки ба онҳо имкон медиҳад мунтазам аз ҳаҷми эҳтимолии нафақаи ояндаи худ огоҳ шаванд.
Ҳамчунин, профили ягонаи электронии шаҳрванд дар низоми нафақаи давлатӣ ва нафақаи ҷамъшаванда ташаккул дода мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: