Аз муколама то ҳамкорӣ: дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ

  • Аз муколама то ҳамкорӣ: дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ
  • Аз муколама то ҳамкорӣ: дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ
  • Аз муколама то ҳамкорӣ: дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ
  • Аз муколама то ҳамкорӣ: дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ
  • Аз муколама то ҳамкорӣ: дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ
  • Аз муколама то ҳамкорӣ: дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ

​Дар шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди демократӣ: таҷрибаи Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» Форуми ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии демократия таҳти ташаббуси Маркази таҳлили равандҳои демократӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои СММ ва Барномаи рушди созмон дар Ӯзбекистон, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ӯзбекистон, Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис, Ҳаракати «Юксалиш», Маркази ислоҳоти рушд, Маркази «Стратегияи рушд», Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон, инчунин Иттиҳодияи занон ва духтарони Ӯзбекистон гузаронида шуд.

Дар форум коршиносони байналмилалӣ аз марказҳои таҳлилии ИМА, Канада, Белгия, Британияи Кабир, Маҷористон, Олмон, Испания, Фаронса, Шветсия, Туркия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Ӯзбекистон, дар маҷмӯъ тақрибан 200 нафар мутахассисон иштирок намуданд.

Дар сессияи ифтитоҳии конфронси байналмилалӣ директори Маркази таҳлили равандҳои демократӣ Азамат Пардаев, намояндаи доимии СММ дар Ӯзбекистон хонум Сабине Маҳл, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Антти Карттунен, раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодӣ, сармоягузории хориҷӣ ва сайёҳӣ Алишер Аъзамхӯҷаев, раиси Кумитаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис оид ба рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Гулруҳ Аъзамова дар бораи мақсадҳои форум сухан гуфта, таъкид карданд, ки дар раванди рушди демократии кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ торафт бештар мегардад.

– Ҳар сол дар доираи Рӯзи байналмилалии демократия ба тамоюлҳои муосири рушди демократия ва масъалаҳои мубрами ин соҳа диққати махсус дода мешавад, – гуфт Азамат Пардаев. – Соли 2026 санаи мазкур таҳти унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани ҳуқуқи инсон» баргузор мешавад. Аз ин рӯ, дар форуми имрӯза низ диққати асосӣ ба фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқу манфиатҳои занон ва кӯдакон равона мегардад. Дар ин замина, аз рӯйи таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт табодули афкору таҷриба менамоем.

Таъкид гардид, ки солҳои охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати навсозии идоракунии давлатӣ, таҳкими муколама бо ҷомеа, дастгирии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини манфиатҳои инсон, тавсеаи иштироки занон ва ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ таҷрибаи муайян ташаккул ёфтааст.

Дар доираи форум аҳамияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати таҳкими фазои сулҳу субот, некҳамсоягӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар Осиёи Марказӣ махсус таъкид гардид.

Бахусус, рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ, таҳкими талошҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти экологии минтақаи Арал ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба сифати самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати минтақавии Ӯзбекистон арзёбӣ шуданд.

Пас аз маросими ифтитоҳ форум кори худро дар се бахш – «Идоракунии мардумӣ ва шарикии иҷтимоӣ: механизмҳои муосири татбиқсозии ислоҳот», «Нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини манфиатҳо ва некӯаҳволии инсон» ва «Ӯзбекистони Нав – драйвери рушди муштарак ва некҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ» идома дод.

Дар доираи сессияҳо ба густариши робитаҳои ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак, ташаккули шабакаҳои коршиносон ва ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Инчунин, оид ба рушди платформаҳои доимии мулоқот барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа, густариши навовариҳои иҷтимоӣ ва паҳн намудани таҷрибаҳои самарбахши фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ пешниҳоду ташаббусҳо ба миён гузошта шуданд.

Дар анҷоми форум бобати дастгирии фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, густариши табодули таҷриба ва рушди муколамаи минтақавӣ қатънома қабул гардид.

Хидмати матбуоти Маркази таҳлили равандҳои демократӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: