Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон омад.
Сарвари давлат пеш аз оғози сафар ба хонаи арбоби маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Каллибек Камалов ташриф овард. Қуръон тиловат гардида, ба рӯҳи марҳум дуои фотиҳа хонда шуд.
Президент роҳи ибратбахши зиндагӣ, корҳои нек ва хидматҳои марҳумро дар роҳи пешрафти халқу диёр ёдовар шуд. Таъкид намуд, ки эҳтиром ба хотираи гузаштагон ва эъзози пиронсолон барои насли ҷавон дарси ибрат аст.
Каллибек Камалов, ки моҳи феврали соли ҷорӣ вафот кард, тӯли солҳо дар вазифаҳои роҳбарии Қароқалпоқистон фаъолият намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, пешрафти саноату кишоварзӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Солҳои охир ба ҳайси раиси Шӯрои ҷамъиятии нурониён бобати дастгирии куҳансолон, таҳкими ҳамбастагӣ ва тарбияи ҷавонон фаъолона кор бурд. Хидматҳояш бо медали «Шуҳрат» ва ордени «Эл-юрт ҳурмати» қадрдонӣ шудаанд.