«Аз Колизей ҳам бузургтар»: дар Моҳ кратери нави диаметраш 222 метр кашф шуд

NASA аз кашфи кратери нави зарбагир дар сатҳи Моҳ хабар дод, ки эҳтимолан баҳори соли 2024 дар натиҷаи бархӯрди як ҷирми осмонӣ ба вуҷуд омадааст.

Тибқи гузориши CBS News, олимон дар сатҳи Моҳ кратереро муайян кардаанд, ки бар асари бархӯрди астероид ё бахше аз як комета ба вуҷуд омадааст. Диаметри он тақрибан 222 метр буда, чуқуриаш то 43 метр мерасад.
Барои муқоиса, диаметри ин кратер аз андозаи Колизейи машҳури Рим ҳам бузургтар аст.
Кратери нав тавассути дастгоҳи кайҳонии Lunar Reconnaissance Orbiter-и NASA муайян шудааст. Ин дастгоҳ аз соли 2009 инҷониб дар мадори Моҳ фаъолият мекунад.
Lunar Reconnaissance Orbiter тағйироти сатҳи Моҳро, ки дар моҳҳои апрел ва майи соли 2024 ба амал омадаанд, ба тасвир гирифтааст. Ҷолиб он аст, ки худи бархӯрдро телескопҳои рӯизаминӣ дар вақти воқеӣ мушоҳида накардаанд. Олимон нишонаҳои тағйиротеро, ки ба пайдоиши кратер овардаанд, танҳо моҳи августи соли 2025 ҳангоми таҳлили тасвирҳо муайян карданд.
То ин кашфиёт бузургтарин кратери зарбагире, ки дар давраи нисбатан наздик дар Моҳ ба вуҷуд омадааст, тақрибан 70 метр диаметр дошт.
Кратери нави кашфшуда ба номи Томас Макгетчин, собиқ директори Институти моҳ ва сайёраҳо дар шаҳри Хюстони ИМА, гузошта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: