Дар Қароқалпоқистон истеҳсоли масолеҳи замонавии сохтмон вусъат меёбад

  • Дар Қароқалпоқистон истеҳсоли масолеҳи замонавии сохтмон вусъат меёбад
  • Дар Қароқалпоқистон истеҳсоли масолеҳи замонавии сохтмон вусъат меёбад
  • Дар Қароқалпоқистон истеҳсоли масолеҳи замонавии сохтмон вусъат меёбад
  • Дар Қароқалпоқистон истеҳсоли масолеҳи замонавии сохтмон вусъат меёбад

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи “Coals KS” дар шаҳри Нуқус шинос гардид.

Арзиши умумии лоиҳа 16,3 миллион доллар мебошад. Дар корхона истеҳсоли газоблок ва оҳак ба роҳ андохта шудааст. Барои истеҳсоли газоблок қитъаи замин дар майдони 4,8 гектар дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Нуқус” ҷудо карда шудааст, иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба тавлиди оҳаксанг дар қитъаи майдони 4,8 гектар дар ноҳияи Қароузак ҷойгир шудааст.

Корхона соле молики иқтидори истеҳсолии 300 ҳазор метри мукааб газоблок ва 165 ҳазор тонна оҳаксанг мебошад. Ин дар қатори сарпур намудани бозори дохилӣ бо масолеҳи замонавии сохтмон, имкони содир намуданро низ медиҳад. Ба Қазоқистон ва Туркманистон гузоштани маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

96 фоизи ашёи хоме, ки дар истеҳсолот истифода мегардад, аз ҳисоби захираҳои маҳаллӣ мебошад. Аз он ҷумла реги кварс, симон ва гаҷ аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ гузошта мешаванд. Ин барои коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот ва таъмини босуботи гузоштани он муҳим мебошад. Газоблокҳое, ки дар корхона истеҳсол мешаванд бо сабукӣ, хусусиятҳои парҳезӣ аз гармӣ ва садо фарқ мекунанд. Онҳо аз хиштҳои маъмулӣ 3-4 баробар сабук буда, ҳамзамон ба кам кардани харҷ барои сохтмон мусоидат менамоянд.

Ҳоло дар корхона 200 нафар аҳолии маҳаллӣ кор мекунанд. Ҳамин ҳоло корхона 5 лоиҳаи калонро ба қимати умумии 200 миллион доллар ба амал татбиқ намудааст. Сохтмон дар заминаи боз 4 лоиҳаи нав ба қимати умумии 40 миллион доллар идома дорад.

Роҳбари давлат бо ҷараёнҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти тавлидгарданда шинос гардида, дар бораи нақшаҳои корхона барои оянда маълумот ба даст овард ва бо коргарон суҳбати самимӣ намуд.

Аҳамияти нигоҳ доштани  сифати баланди маҳсулот ҳамзамон бо паст гардидани арзиши аслии он ва ҳамчунин ногузирии вусъат додани ҳаҷми истеҳсолот ва имконоти содиротӣ, мунтазам баланд бардоштани малакаи ходимон таъкид гардид. Ба роҳбарияти корхона ва шахсони масъул супориш ва тавсияҳои марбут дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: