Дар Нуқус барои истироҳати аҳолӣ ва соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам мешавад

  • Дар Нуқус барои истироҳати аҳолӣ ва соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам мешавад
  • Дар Нуқус барои истироҳати аҳолӣ ва соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам мешавад
  • Дар Нуқус барои истироҳати аҳолӣ ва соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам мешавад
  • Дар Нуқус барои истироҳати аҳолӣ ва соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев зимни ташриф ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар кӯчаи навсозишудаи шаҳри Нуқус сайр кард.

Дар натиҷаи корҳои ободоние, ки дар кӯчаҳои Ғаресизлик, С. Камолов ва Ғ. Шерозиева амалӣ гардиданд, барои истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр шароити мусоид фароҳам ва барои фаъолияти шабонарӯзии нуқтаҳои савдову фароғатӣ имкониятҳои зарурӣ муҳайё гардиданд.

Барои анҷоми ин корҳо 2,2 миллиард сӯм ҷудо гардида, кӯчаҳо ба масофаи 2,5 километр таъмир ва инфрасохтори онҳо навсозӣ шуд.

Роҳравҳои пиёдагард бунёд гардида, курсиҳо ва қуттиҳои партов насб шуданд. Барои равшан намудани ҳудуд дар шабонгаҳ чароғҳои каммасрафи барқӣ, ки бо истифода аз панелҳои офтобӣ фаъолият мекунанд, насб гардиданд. Бо мақсади пешгирии ҷамъшавии обҳои борон ба масофаи 1,5 километр шабакаи нав сохта шуда, нилҳои мавҷуда навсозӣ шуданд.

Шароити фароҳамшуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ низ мусоидат кард. Дар ҳудуд 8 субъекти нави соҳибкорӣ ба кор шурӯъ намуда, боз 10 субъекти дигар фаъолияти худро густариш доданд. Дар натиҷа 75 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Сарвари давлат ҳангоми сайр дар кӯча бо мардум суҳбати самимона намуда, таъкид кард, ки сулҳу осоиштагии кишвар аз пурарзиштарин неъматҳо ба шумор меравад ва орзуҳои накӯи худро баён намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: