Президент Шавкат Мирзиёев дар идомаи ташриф ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз варзишгоҳи таҷдидшудаи «Турон»-и шаҳри Нуқус боздид намуд.
Навсозии маҷмаа барои рушди футболи оммавӣ ва касбӣ дар минтақа, интихоби ҷавонони боистеъдод ва баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон имкониятҳои нав фароҳам овард. Ин корҳо мутобиқи вазифаҳое, ки дар қарори Сарвари давлат аз 7 апрели соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловагии рушди ҳамаҷонибаи футболи оммавӣ ва касбӣ» муайян гардидаанд, анҷом дода шуданд.
Арзиши умумии лоиҳа 118,6 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Дар маҷмаа 85 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар натиҷаи бозсозӣ ғунҷоиши варзишгоҳ аз 9,3 ҳазор ба 12 ҳазор ҷой расонида шуд.
Варзишгоҳи «Турон» пойгоҳи клуби касбии футболи «Арал» ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо 190 тарбиятгирандаи Академияи футболи ҷумҳурӣ мунтазам машғулият ва ҷамъомадҳои таълимӣ-варзишӣ мегузаронанд. Дар маҷмаа ду толори варзишӣ ва ду варзишгоҳи иловагӣ низ мавҷуд аст.
Барои тарбиятгирандагони академия хобгоҳи дорои 196 ҷойи хоб, ошхона барои 84 нафар, толорҳои машқ ва ҳуҷраҳои таҳлили тактикӣ ташкил карда шудааст. Инчунин, барои дар як вақт ба намудҳои варзиши сабук, бокс ва таэквондо машғул гардидани 100–150 варзишгар шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.
Дар стадион барои намояндагони воситаҳои ахбори омма платформаҳои махсус, нуқтаҳои насби камераҳои офсайд ва минтақаи алоҳида барои низоми мутамаркази VAR ташкил гардидааст. Инфрасохтори мазкур барои дар сатҳи баланд гузаронидан ва инъикоси мусобиқаҳо хидмат мекунад.
Сарвари давлат бо шароити маҷмаа шинос шуда, аз рӯйи рушди варзиш, бахусус футбол дар Қароқалпоқистон тавсия ва дастурҳо дод.
Президенти мамлакат бо варзишгарони ҷавоне, ки дар ин ҷо машқ мекарданд, суҳбати самимӣ анҷом дод ва акси хотиравӣ гирифт.