17 сентябр дар маҷмааи илмӣ, маърифатӣ ва сайёҳии «Гавҳари водӣ» – Бурҳонуддини Марғинонии шаҳри Марғелон маросими кушоиши Ҷашнвораи VII-уми байналмилалии анъанавии бофандагии "Атлас байрами" (“Иди атлас”) баргузор гардид.
Баробари аз дарвозаи маҷмааи илмӣ, маърифатӣ ва сайёҳии «Гавҳари водӣ»
– Бурҳонуддини Марғинонӣ ворид шудан шуморо растаҳои бо маҳсулоти дастӣ орову зиннатёфтаи ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ, мисли Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Эрону Туркия, Ҳиндустону Покистон ва амсоли он истиқбол мегиранд, ки ҳам ба намоиш ва ҳам барои фурӯш гузошта шудаанд.
– Ман бори нахуст дар ин ҷашнвора ширкат меварзам ва аз шаҳри Гургони устони Гулистон, воқеъ дар шимоли Эрон, ташриф овардам. Бовар кунед, аз дақиқаҳои аввали омадан ба ин ҷо ҳис кардам, ки ин мардум чи қадар меҳмондӯсту меҳвоннавоз ҳастанд. Зеро барои мо, меҳмонони ҷашнвора тамоми шароитро фароҳам овардаанд, то битавонем маҳсулоти худро ба намоиш гузорем ва кишвару шаҳри худро муаррифӣ кунем, – мегӯяд бо хушҳолӣ Маҷиди Замонӣ.
– Ба наздикӣ мо дар ҷашнвораи байналмилалии шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё меҳмон будем. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати ду марди хираду сулҳдӯст – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар сол аз сол тавсеа меёбанд ва рафоқати миёни халқҳои тоҷику ӯзбек боз бештар мустаҳкам мегардад. Бешак, ин раванд ба фаъолияти мо, ҳунармандон низ таъсири мусбати худро мегузорад, – мегӯяд ҳунарманди тоҷик аз вилояти Суғд Муҳаббат Раҳмонова.
Дар ин рӯзҳо шомгоҳон мардуми зиёд аз чаҳор тараф ҷониби маҷмааи илмӣ, маърифатӣ ва сайёҳии «Гавҳари водӣ» – Бурҳонуддини Марғинонии шаҳри Марғелон мешитобанд. Тамошои маҳсулоти ҳунармандон аз як тараф ва тамошои барномаҳои рангини дастаҳои ҳунарӣ ва баромадҳои овозхонҳо аз тарафи дигар ба ҳар як фард шодиву нишот мебахшад. Хосатан консерти шоми 17 сентябр мардуми зиёдро гирди ҳам овард. Зеродар баробари суруду таронаҳои дилангез ва навоҳои шӯхи мусиқанавозон баромади дастаи аскиячиён басо шавқу завқи онҳоро ба бор овард.
Маълум шуд, ки рӯзи дуввуми ҷашнвора дар атрофи натиҷаҳои Барномаи роҳнамоии тарроҳии инноватсионӣ, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешаванд ва тавсеаи рушди малакаҳоро дар меҳвари қарор додаанд, фикру ақидаҳо баён карда шудаанд. Ба ин васила иштирокчиёни ҷашнвора имкон пайдо кардаанд, ки дониш ва малакаҳои наву тозаро ба даст оранд, ғояҳои эҷодиро мавриди санҷиш қарор диҳанд ва онҳоро ба маҳсулоти амалӣ табдил диҳанд.
Ҳамеша дар ҷашнвораҳо расму оин ва арзишҳои миллӣ, ҳунарҳои анъанавӣ, намоишҳои мусиқӣ ва санъат ба таври васеъ намоиш дода мешаванд. Дар ин ҷашнвора дурахши беназири атласи Марғелон ва ҳамоҳангии рангҳо дар либосҳои миллӣ дар маркази намоиши матоъҳои ҳунармандон қарор гирифт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.