Соли 2025 ҷараёни оби дарёҳо дар саросари ҷаҳон ба яке аз пасттарин сатҳҳо расид.
Дар ин бора Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ) хабар дод.
Ба иттилои ин созмон, дар беш аз 36 фоизи ҳавзаҳои дарёҳои ҷаҳон ҳаҷми ҷараёни об аз меъёр камтар будааст. Захираҳои обӣ аз солҳои 2014–2016 ба ин сӯ пайваста коҳиш меёбанд.
Камбуди об махсусан дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Аврупо ва бархе минтақаҳои Амрико мушоҳида шудааст.