Дар вилояти Фарғона бори аввал нуқсони модарзодии шуши кӯдаки думоҳа тавассути ҷарроҳии мураккаб бартараф карда шуда, фаъолияти шуши ӯ барқарор гардид. Дар ин бора Раёсати тандурустии вилояти Фарғона хабар дод.
Гуфта мешавад, ки духтарчаи думоҳа бо номи Ибохон дар ҳолати вазнин ба шуъбаи эҳёгарии Маркази бисёрсоҳаи тиббии кӯдаконаи вилояти Фарғона оварда шудааст. Пас аз ташхис ба ӯ нуқсони модарзодии шуши чап ва норасоии шадиди нафаскашӣ ташхис кардаанд.
Пас аз баргузории чанд машварати тиббӣ қарор шудааст, ки кӯдак фавран ҷарроҳӣ карда шавад. Ҳангоми амалиёт кистаҳо ва нуқтаҳои осебдидаи шуш хориҷ гардида, барои барқарор кардани фаъолияти он тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Қайд мешавад, ки чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар кӯдаки думоҳа бори аввал дар вилояти Фарғона анҷом дода шудааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки марказ имкони гузаронидани амалиёти ҷарроҳии мураккаби баландтехнологиро дорад.
Дар анҷоми бомуваффақияти ҷарроҳӣ мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона А. Абдуолимов, ҷарроҳон Т. Болтабоев ва Е. Бушляков, анестезиологҳо Д. Тӯйчиев, А. Зиёдуллаев ва Ҷ. Эралиев саҳм гузоштаанд.