Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлати мо Президенти Туркманистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва дар фаъолияти давлатдорӣ комёбиҳои нав орзу намуд.

Президенти Ӯзбекистон ба Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатӣ Гурбангули Бердимуҳамедов саломи самимии худро иброз дошт. Президенти Туркманистон низ, дар навбати худ, аз номи Пешвои миллии халқи туркман ба Сарвари давлатамон таманниёти накӯро расонд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркманистон баррасӣ шуданд.

Ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ диққати махсус дода шуд. Пайваста афзудани ҳаҷми мубодилаи мол, татбиқсозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва дигар самтҳои муҳим бо қаноатмандӣ зикр гардид.

Аҳамияти таъмини фаъолияти босамари Минтақаи муштараки савдои «Шовот – Тошҳовуз» таъкид гардид.

Инчунин, роҷеъ ба бархе масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла омодагӣ ба Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, инчунин ҳамоиши ИДМ, ки дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд, муболидаи афкор намуданд.

Дар анҷоми суҳбат Сарвари кишварамон Президент ва мардуми Туркманистони бародарро ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлол, ки дар рӯзҳои наздик таҷлил мегардад, табрик намуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: