Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми бемории милкак

Агар барги хушки миртаро ба милкак (бемории пӯст, ки дар гирди нохуни ангушт пайдо мешавад) бипошанд, фоида мерасонад.

Ҳангоми варами милк

Ҳангоми илтиҳоби милк содаи истеъмолиро дар об ҳал кунед. Баъд ангуштатонро тар карда, милкҳоро ба дарозӣ масҳ намоед. Сипас бо мисвоки дандон тоза кунед. Дар натиҷа, партовҳои туршии бактериявӣ хориҷ мешаванд ва милкҳо безарар (дезинфекция) мегарданд.

Ҳангоми хунравӣ аз милк

Агар аз милкҳо зуд-зуд хун равад (пародонтоз), баргҳои хурморо хуб шуста, хушк мекунанд. Баъд дар ҳован майда намуда, рӯзе 2 маҳал, пеш аз хӯрок, як миқдори камро дар давоми 7 рӯз истеъмол мекунанд.

Ҳангоми инфаркти миокард

Ба беморе, ки инфаркти миокардро аз сар гузаронидааст, оби пиёзро фишурда, ба миқдори баробар асал омехта мекунанд ва дар як рӯз 2–3 маротиба 1 қошуқӣ медиҳанд. Инчунин, ба ин беморон ҳар рӯз хӯрдани баргак (зардолуи дукафони бедонаки хушконидашуда) муфид аст.

Барои пешгирии болоравии буғҳои зараровар ба майна

Пудинаи кӯҳӣ (тоғрайҳон)-и хушкро майда карда, ба хокаи он шакар илова намуда, бихӯранд, боло рафтани буғҳои зарароварро ба майна пешгирӣ менамояд ва ба чашм қувват мебахшад.

Ҳангоми баланд шудани фишори дохили майна

Аз судаи гиёҳҳои шифобахш мисли думи шер (арслонқуйруқ), чилбуғум, марвак (шалфей), пудина ва торон (қизилпойча) ба андозаи як қошуқи чойӣ мегиранд. Ҳамаашро ба як зарф андохта, аз болояш ду истикон оби ҷӯш мерезанд. Баъд онро дар буғи об 30 дақиқа нигоҳ медоранд. Дар як рӯз 3 маҳал, 1 қошуқӣ медиҳанд.

Барои қувватбахшӣ ба майна ва дил

Гули санҷид бо хусусияти шифобахшии худ ба инсон ҳаловат мебахшад.

Бӯйидани гули санҷид рӯҳияи инсонро болида намуда, ба майна ва дил қувват мебахшад.

Ҳангоми хориҷ кардани моеъи зиёдатӣ аз майна

Барои хориҷ кардани моеъи зиёдатӣ аз майна, истеъмоли қаламфури сурх кӯмак мерасонад.

Барои тоза кардани майна

Агар шираи карамро ба бинӣ чаконанд, ҳамон лаҳза майнаро «тоза» карда, дардро кам мекунад.

Ҳангоми вайрон шудани мубодилаи моддаҳо

Нӯшобае, ки аз омехтаи хуч (наматак), қарақот (черника), ангат (чаканда, облепиха) ва асал омода шудааст, барои бемороне, ки дар организмашон мубодилаи моддаҳо вайрон шудааст ё гирифтори диабети қанд ҳастанд, хеле фоидаовар аст.

Барои ин 3 қошуқ судаи меваи хушконидашудаи хуч ва 1 қошуқ меваи хушконидашудаи қарақотро ба даруни 5 пиёла оби ҷӯш андохта, ним соат нигоҳ медоранд. Сипас ба он 4 қошуқ шарбати ангат ва 1 қошуқча асал илова намуда, омехта мекунанд. Дар як рӯз 3 маҳал истеъмол карда мешавад.

Ҳангоми бемории махав

Ин беморӣ аксаран дар натиҷаи вайроншавии хун дар организми инсон ё норасоии баъзе моддаҳо дар таркиби он ба вуҷуд меояд. Гӯшти хорпуштакро хушк карда, баъд майда намуда, истеъмол кунанд, бемории махавро бартараф менамояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: