Имтиҳонҳои сертификати миллӣ аз фанҳои биология, химия, физика ва математика кай баргузор мешаванд?

Рухсатномаҳо барои иштирок дар имтиҳонҳои сертификати миллӣ эълон шуданд.

Имтиҳонҳои сертификати миллӣ аз фанҳои биология, химия, физика ва математика рӯзҳои 26–30 сентябр ва 2–4 октябр баргузор мешаванд. Дар ин бора канали Telegram-и «Назорати таълим»  хабар додааст.
Тибқи маълумот, имтиҳон аз фанни биология рӯзҳои 26 ва 28 сентябр, аз химия рӯзҳои 27 ва 28 сентябр, аз физика рӯзҳои 29 ва 30 сентябр ва аз математика рӯзҳои 2–4 октябр баргузор мешавад.
Рӯзҳои 26–28 сентябр барои супоридани санҷиши тестӣ аз фанҳои биология ва химия ворид шудан ба биноҳои имтиҳон барои навбати якум аз соати 07:00 то 08:30 ва барои навбати дуюм аз соати 13:00 то 14:30 иҷозат дода мешавад.
Ҳамчунин, рӯзҳои 29–30 сентябр аз фанни физика ва рӯзҳои 2–4 октябр аз фанни математика санҷишҳои тестӣ баргузор мешаванд. Барои навбати якум ворид шудан ба бино аз соати 07:00 то 08:30 ва барои навбати дуюм аз соати 12:30 то 14:00 имконпазир аст.
Таъкид мешавад, ки маълумоти марбут ба сана, вақт ва маҳалли баргузории имтиҳон дар рухсатномаи ҳар як довталаб низ нишон дода шудааст. Иштирокчиён метавонанд рухсатномаи худро аз бахши «Аризаҳои ман» дар сомонаи «my.gov.uz» зеркашӣ кунанд.
Дар рухсатнома сана, вақт ва суроғаи баргузории санҷиши тестӣ нишон дода мешавад. Аз довталабон хоҳиш шудааст, ки дар вақти муайяншуда ба суроғаи дар рухсатнома нишондодашуда ҳозир шаванд.
Довталабон танҳо бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият — шиноснома ё ID-корт ба бинои баргузории имтиҳон роҳ дода мешаванд.
Довталабоне, ки баъди вақти дар рухсатнома нишондодашуда ҳозир мешаванд, ба санҷиши тестӣ роҳ дода намешаванд ва барои онҳо имтиҳони иловагӣ баргузор нахоҳад шуд.
Ҳамчунин, аз иштирокчиёни имтиҳон хоҳиш шудааст, ки ба биноҳои баргузории санҷиш ашёи нолозим, аз ҷумла дастгоҳҳои электронӣ, сумка, китоб, дафтар, ашёи навиштан, нӯшокиҳо, ғизо ва дигар ашёи шахсӣ наоранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: