Талош дар фазои кушод

  • Талош дар фазои кушод
  • Талош дар фазои кушод

Ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ бо ташаббуси иттифоқи касабаи рӯзномаи «Овози тоҷик» миёни кормандон мусобиқаи шашка баргузор гардид.

Мусобиқа бо иштироки беш аз 20 нафар корманди рӯзнома марҳила ба марҳила барпо шуд. Иштирокдорон дар рафти он маҳорати варзишӣ, чолокӣ ва иродаи қавии худро нишон медоданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ, пеш аз ҳама, тарғиб кардани тарзи ҳаёти солим, қавӣ гардондани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани муҳити солими корӣ байни ҳамкорон буд.

Қисми ҷамъбастии мусобиқа дар фазои кушод берун аз пойтахт, дар ноҳияи зебоманзараи Бӯстонлиқ баргузор гардид. Табиати дилфиреб ва фазои озоду дӯстона ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, рақобати варзиширо боз ҳам шавқовар гардонд. Иштирокдорон дар баробари рақобат, рӯҳияи ҳамкорӣ ва ҳамдигардастгириро низ нишон доданд. Ҳамин гуна чорабиниҳо барои боз ҳам наздик шудани кормандон ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо хидмат мекунад.

Бино ба натиҷаи мусобиқа байни бонувон ҷойи сеюмро муҳаррири шуъбаи мактаб ва маънавият Саодат Бекназарова, ҷойи дуюмро мухбири «Овози тоқик» дар вилояти Намангон Шоҳида Даминова ва ҷойи ифтихории якум ба мухбири рӯзнома Дилноза Раҳматова насиб гардид.

– Барои ман худи мубориза муҳимтар аз пирӯзӣ аст. Ин пирӯзиро дастоварди тамоми кормандони «Овози тоҷик» медонам. Орзу дорам, ки ҳар як ҳамкорамон дар тамоми самтҳои ҳаёт, бахусус дар роҳи эҷод муваффақ бошанд, – мегӯяд ғолиби ҷойи ифтихории якум Дилноза Раҳматова.

Дар байни мардон бошад, ҷойи сеюмро мухбири рӯзнома дар вилояти Бухоро Амрулло Авезов, ҷойи дуюмро муҳаррири шуъбаи адабиёт ва ҳунар Абдулло Субҳонов, ҷойи ифтихории якумро бошад, мухбири рӯзнома дар вилоятҳои Навоӣ ва Ҷиззах Ӯзбакбой Раҳмонов соҳиб гардиданд.

Ғолибон бо туҳфаҳои иттифоқи касабаи рӯзнома қадрдонӣ гардиданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати ҷашнҳои муҳими миллӣ на танҳо ба таҳкими саломатӣ, балки ба боло рафтани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни кормандон хидмат мекунад. Бояд гуфт, ки ин  мусобиқаи дӯстонаи ҳамкоронамон барои аҳли рӯзнома хотирмону завқбахш буд.

Шоҳсанам ЙӮЛДОШЕВА,

«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: