Маҳаллаи обод – зиндагии обод

Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди маҳалла ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ беш аз пеш меафзояд. Маҳалла ҳамчун яке аз муҳимтарин ниҳодҳои ҷомеа на танҳо макони зисти шаҳрвандон, балки муҳити ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳамбастагӣ ва ташаббускории мардум ба ҳисоб меравад.

Тавре Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кардааст: «Маҳалла – чеҳраи ҷомеа. Ҳама тағйирот дар кишвар пеш аз ҳама дар ҳамин ҷо инъикос меёбад».  Аз ин рӯ, ҳар як лоиҳае, ки бевосита ба ободонӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинон нигаронида шудааст, аҳамияти хоса дорад.

Ободонии маҳалла аз беҳтар намудани шароити зиндагии мардум оғоз меёбад. Вақте кӯчаҳо равшан, роҳҳо бехатар ва муҳити зист обод мегардад, табиист, ки дар қалби сокинон эҳсоси қаноатмандӣ ва эътимод ба фардо бештар мешавад

Дар маҳаллаи «Гулбоғ«-и ноҳияи Косонсой маҳз чунин як иқдоми созанда амалӣ гардид. Ин маҳалла дар доираи барномаи «Маҳаллаи ман – лоиҳаи ман», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ташкил шудааст, ғолиб омада, соҳиби гранти 100 миллион сӯм гардид.

Ин ғолибият барои сокинони маҳалла имконият фароҳам овард, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарраи аҳолӣ – таъмини равшании кӯчаҳо ба таври амалӣ ҳал карда шавад.

Дар доираи лоиҳа дар се кӯчаи маҳалла ҳамагӣ 222 чароғи муосири LED насб карда шуд. Бо анҷоми корҳои насбкунӣ кӯчаҳои мазкур бо системаи равшании шабона пурра таъмин гардиданд. Дар натиҷа, имконияти ҳаракати бехатарии пиёдагардон ва ронандагон шабона боз ҳам беҳтар шуд. Ин ҳолат на танҳо ба амнияти аҳолӣ, балки ба ободонӣ ва зебогии муҳит низ таъсири мусбат мерасонад.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими барномаи «Маҳаллаи ман – лоиҳаи ман» дар он аст, ки чунин ташаббусҳо ба эҳтиёҷоти воқеии сокинон равона мешаванд.

Маҳаллаи Гулбоғ бо иштироки фаъолонаи сокинонаш, инчунин дар барномаи «Опен буҷет» низ ҷойи аввалро соҳиб гардид. Дар натиҷаи ин ғолибият маҳалла барои амалӣ намудани корҳои ободонӣ, аз ҷумла асфалту ҳамвор кардани роҳҳо соҳиби маблағи 1 миллиарду 429 миллиону 573 ҳазор сӯм шуд. Ин маблағ барои сокинони маҳаллаҳои «Гулбоғ», «Мустақиллик» ва «Шотут» имкони ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра – беҳтар намудани ҳолати роҳҳоро фароҳам меорад.

– Ғолибият дар лоиҳаи «Маҳаллаи ман – лоиҳаи ман» ва дастгирии сокинон дар доираи барномаи «Опен буҷет» барои мо пеш аз ҳама масъулияти бузург аст, – мегӯяд раиси маҳалла, соҳиби нишони сарисинагии «Мустақилликнинг 35 йиллиги»  Иброҳимхон Сиддиқов.

– Ин натиҷа нишон медиҳад, ки вақте сокинон муттаҳид мешаванд ва барои ободии маҳаллаи худ саҳм мегузоранд, метавонанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Мо аз ҳама сокинони маҳалла, фаъолон ва шахсоне, ки дар таҳия, дастгирӣ ва пешбурди лоиҳа саҳм гузоштаанд, сипосгузорем. Ин ғолибият дастоварди тамоми маҳалла мебошад.

Ҳадафи асосии мо ин аст, ки маблағҳо мақсаднок, самаранок ва шаффоф истифода шуда, пеш аз ҳама, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гарданд. Кӯшиш менамоем, ки ҳар як пешниҳоду ташаббуси сокинон ба назар гирифта шавад ва корҳои пешбинишуда сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.

Бо дастгирӣ ва иштироки фаъоли сокинон маҳалла боз ҳам ободу зебо мегардад. Зеро маҳаллаи обод – зиндагии обод аст. Ҳар як сокин бо саҳми хурди худ метавонад дар ободии маҳалла нақши муҳим гузорад. Танҳо бо ҳамдилӣ, ҳамкорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон муҳити зисти шоиста ва зиндагии боз ҳам беҳтарро барои мардум фароҳам овард.

Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: