Китобҳои дарсиро кай нав мекунанд?

  • Китобҳои дарсиро кай нав мекунанд?
  • Китобҳои дарсиро кай нав мекунанд?
  • Китобҳои дарсиро кай нав мекунанд?
  • Китобҳои дарсиро кай нав мекунанд?

Ман чанд сол аст, ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 49-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият мекунам. Барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз ин якчанд сол муқаддам китобҳои дарсӣ чоп шуда буд. Бо мурури замон ин китобҳо хеле куҳна ва фартут шуданд. Ҳоло бошад, ба дараҷаи ношоямӣ расидаанд.

Дар вақти дарсҳо аз ин китобҳои куҳна истифода мебарем. Барои азхуд намудани дарсҳо ба хонандагон ҳангоми истифода бурдан аз ин китобҳо мушкилиҳо пеш меояд.

Дар ҷумҳурӣ ҳар сари чанд сол китобҳо чоп мешаванд. Ва ин китобҳо ба дигар мактабҳо сари вақт дастрас мегарданд. Аммо ба мактаби мо то ҳол китобҳои нав нарасидааст. Чунончӣ, барои донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ китобҳои дарсии фанни математика, санъати тасвирӣ, технология, тарбия то ҳол бо наваш иваз нашудааст. Ингуна ҳолат қариб дар ҳамаи мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ яксон аст.

Бар замми ин, ба ҳамаи хонандагон басанда нест. Авроқи китобҳо фарсудаву даридаанд.

Мо аз рӯзномаи «Овози тоҷик» мехонем, ки масъалаҳои зиёди ба мактабу маориф мутааллиқ дар саҳифаҳои он дарҷ ва оқибат ҳалли худро меёбанд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар роҳи ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим кӯмак расонед.

Қурбон МАҲКАМОВ,

омӯзгори синфи ибтидоии мактаби рақами 49-уми ноҳияи Фориш.

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: