БОҒ ҲАСТУ БОҒБОН КУҶОСТ?

  • БОҒ ҲАСТУ БОҒБОН КУҶОСТ?
  • БОҒ ҲАСТУ БОҒБОН КУҶОСТ?
  • БОҒ ҲАСТУ БОҒБОН КУҶОСТ?
  • БОҒ ҲАСТУ БОҒБОН КУҶОСТ?
  • БОҒ ҲАСТУ БОҒБОН КУҶОСТ?

«Боғи ҷавонон», «Боғи модарон», «Боғи журналистон», «Боғи омӯзгорон», «Боғи маърифат», «Боғи дӯстӣ», «Боғи ватанпарвар», «Боғи боҷгирон»... Ин номгӯйро метавон боз бо боғҳое бо номи варзишгарон, нурониён, адлия, курсантҳо, зиёиён, устодон ва даҳҳои дигар идома диҳем.

Дар ҳақиқат, бунёди боғ ташаббуси хубу шоиста аст. Зеро боғ на танҳо як қитъаи замини сабз, балки пояи муҳити мусоиди экологӣ, макони фароғат ва бахше аз симои ободи манзили зист аст. Аз ин рӯ, ҳар қадар майдони сабз бештар бошад, дар ҳамон андоза муҳити зист барои инсон мувофиқтару мусоидтар мегардад.

Маҳз дар заминаи чунин ҳадафҳои созанда моҳи ноябри соли 2021 таҳти ташаббуси Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» оғоз ёфт, ки дар доираи он корҳои бузурги кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ роҳандозӣ шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то 1 апрели соли ҷорӣ дар беш аз 2 ҳазор гектар майдон 942 боғ ва парки ҷамъиятии сабз, инчунин дар 47 мавзеъ «боғҳои Ӯзбекистони Нав» бунёд гардиданд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ, биёбонӣ ва адирии ҷумҳурӣ 256 ҳазор гектар ҷангалзор ташкил карда шуд. Дар қаъри хушкидаи баҳри Арал низ дар масоҳати 2 миллион гектар ҷангалзорҳои муҳофизатӣ бо қабати сабз бунёд гардиданд. Бо мақсади пешгирии таъсири зараровари шамол ва тӯфонҳои қуму чанг дар 33 ноҳия «камарбанди сабз» ба дарозии 60 километр ташкил карда шуд.

Дар баробари ин, ҳамасола дар мавсими баҳору тирамоҳ 200 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда мешавад. Дар натиҷа, майдони дарахтзор, боғ, парки ҷамъиятӣ ва минтақаҳои сабзи мамлакат афзоиш ёфта, дар харитаи шаҳру ноҳияҳо номи боғҳои гуногун низ бештар мегарданд.

Воқеан, таъсиси боғҳо ба номи ҷавонон, модарон, нурониён ва намояндагони соҳаҳои гуногун, метавонад ҳисси масъулияти масъулонро ҷиҳати таъмини сарсабзии боғ, парвариши хуби ниҳолҳо ва нигоҳ доштани муҳити ободу тоза дар ҳадде бештар намояд.

Мутаассифона, аз чунин иқдому чораҷӯиҳо на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд. Баъзан масъулони шаҳр ё ноҳия аз ҳисоби маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ барои лоиҳаи «Макони сабз» ҷудо шудаанд ё маблағҳои ғайрибуҷетӣ, сарпарастӣ ва грантӣ боғҳоро бо тантана бунёд мекунанд, ниҳолҳо мешинонанд, номҳои ҷолибу зебо мегузоранд, аксҳо мегиранду дар васоити ахбори омма баромадҳо менамоянд. Аммо баъд аз анҷоми маросим, ҳама мераванду ниҳолҳо мемонанду боғи ташнаи об. Нафаре ёфт намешавад, ки ба саволи аз ҳама муҳим: «Ба нигоҳубини боғ кӣ масъул аст?» ҷавоб диҳад.

На ном ҳасту на ниҳол...

25 марти соли 2023 хадамоти матбуоти ҳокимияти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи «Телеграм» хабареро таҳти унвони «Боғи ҷавонон» бунёд карда мешавад» бо якчанд акс нашр кардааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки «Дар маҳаллаи «Қизилқум», воқеъ дар ҳудуди сектори 4-уми ноҳияи Фориш, дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» бунёди «Боғи ҷавонон» ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар тамоми маҳаллаҳо ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда шуда, масоҳати минтақаҳои сабз васеъ карда мешавад.

Бо ташаббуси Агентии корҳои ҷавонони ноҳияи Фориш дар боғе, ки дар маҳаллаи «Қизилқум» бунёд мегардад, ҳашар баргузор гардид. Дар рафти ҳашар бо саъю кӯшиши ҷавонон беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони гуногуни мевадиҳанда шинонда шуд».

Баъдан ин хабарро рӯзномаи ноҳиявии «Фориш тонги» ва ҳатто Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон низ (27 марти соли 2023) нашр карданд.

Ин ҳама бешубҳа умедбахш буд. Зеро сухан аз бунёди боғе мерафт, ки бояд ба як гӯшаи сабзу хуррам ва намунаи амалии татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» табдил меёфт. Мувофиқи маълумот беш аз 200 ниҳолро низ шинонда буданд. Пас, баъди чанд сол бояд натиҷаи он меҳнат ба чашм мерасид.

Аммо агар имрӯз ба он ҷо биравед, манзара тамоман дигар аст. На номи «Боғи ҷавонон» ба чашм мерасаду на боғ. Ҳама гӯшаро хасу хошок, ҷорӯбу янтоқу ҳазориспанд зер кардааст. Чанд донаяк дарахти тут, бо умеди як қатра борон шох ба осмон кашидаанд. Деворҳо валангор гаштаанд ва «Боғи ҷавонон», ки мебоист, макони истироҳату фароғати мардум, бахусус, ҷавонон бошад, ба чарогоҳи чорвои мардуми маҳаллӣ тадбил ёфтааст...

«Боғи дӯстӣ» чӣ ҳол дорад?

31 марти соли гузашта дар доираи чорабиниҳои дӯстона, ки дар маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд таҳти шиори «Кишваре, ки ба дӯстиву ҳамҷиҳатӣ арҷ мегузорад» ба вуқӯъ пайвастанд, дар ҳудуди деҳа «Боғи дӯстӣ» ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳокимияти вилоят, Шӯрои вилоятии Хазинаи «Нуронӣ», Садорати вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳо, ҳокимияти ноҳия, нурониёни фаъол, вакилони миллатҳои гуногун ва ҷомеаи васеъ иштирок карда, дар боғ қариб 500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо шинонданд. Мувофиқи анъана аксҳо гирифтанд. Ва дар ин бора Хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят, ҳокимияти ноҳия, рӯзномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ  низ навор, акс ва хабарҳоро эълон карданд. Савол ба миён меояд: ҳоло «Боғи дӯстӣ» чӣ ҳол дорад?

– Соли 2025 камбориш омад ва бинобар камобӣ қариб 90 дарсади ниҳолҳо хушк шуданд, – иброз дошт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқсой» Айёмиддин Бобосаидов. – Мо ин ҳолатро беэътибор нагузоштем. Дар мавсими баҳори соли ҷорӣ бо дастгирии ҳокимияти ноҳия, шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия, соҳибкорон, инчунин, мардуми маҳаллӣ дар боғ аз нав ниҳолҳои дарахти мевадиҳандаро кишт кардем. Атрофи боғро иҳота намудем. Дар боғ низоми обёрии қатрагиро роҳандозӣ кардем. Азбаски боғ дар шафати мактаби ҳамагонии рақами 13-уми деҳа ҷойгир аст, барои нигоҳубину парвариши ниҳолҳо боғбони мактабро масъул таъин намудем. Ҳоло нашъунамои ниҳолҳо хуб аст. Бо вуҷуди обёрӣ, теъдоди муайяни ниҳолҳо хушкидаанд. Ният дорем, ки дар мавсими тирамоҳ дар ҷойи онҳо аз нав ниҳол шинонем. Илова бар ин, шудгор кардани байни қаторҳо ва дар он ҷо парвариш намудани сабзаҷоту кабудиҳоро низ пеши худ мақсад кардаем. Мо талош бар он дорем, ки боғи «Дӯстӣ» ҳамеша сарсабз бошад.

Инак, ду ҳолат, ду сарнавишт ва ду натиҷаи комилан гуногун пеши назар меояд: дар ҳолати аввал, бар асари бепарвоии масъулон боғе, ки бояд гӯшаи сабзу ободи маҳал бошад, ба чарогоҳ табдил ёфт; дар ҳолати дуюм, бо ташаббус ва масъулияти мутасаддиён боғи хушкида дубора сарсабз гардид ва умед дорем, ки ин бор нигоҳубину парвариши ниҳолҳо пайваста идома меёбад.
Вале, таассуфовар аст, ки дар аксар минтақаҳо ҳолати якум – хушку хароб гардидани боғҳо бештар ба чашм мерасад...

Ба ҷойи хулоса...

Набояд фаромӯш кард, ки натиҷаву самарабахшии лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» на бо шумораи ниҳолҳои шинонидашуда ва на бо теъдоди номи боғҳо, балки бо умри ниҳолҳо, сарсабзиву нумӯъ  ва таъсири онҳо ба экологияву иқлим муайян мегардад.

Агар ниҳоле, ки имрӯз шинондем, баъди соле аз беобӣ, беэътиноӣ, бепарвоӣ ё нигоҳубини нодуруст хушк шавад, аз тамоми ин иқдом чӣ боқӣ мемонад? Шояд чанд акс, навор ва як гузориши расмӣ бо ҷумлаи «ниҳол шинонда шуд».

Агар боғе бо номи як соҳа, ташкилот ё муассисае бунёд шаваду баъдтар касе масъулияти нигоҳубину ҳифзи онро ба дӯш нагирад, номи зебои он ҳеҷ мушкилро наметавонад ҳал намояд. Ғайр аз ин, чӣ қадар меҳнат, маблағ, ҳаракат бар абас хоҳад рафт...

Инак, мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ оғоз меёбад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар ин раванд саҳлангорӣ накунем. Пеш аз ҳама, масъалаи обёрӣ ва нигоҳубини ниҳолҳоро ба эътибор гирем, ҷиҳати парвариш назорат ва масъулияти доимиро роҳандозӣ кунем. Зеро, ба таъбири Президенти мамлакат бигӯем, «Макони сабз» ин супориш ё фармоиш не, балки масъулияти мо дар назди виҷдон, ҳаёти оянда ва фарзандонамон аст».

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: