«МУШОИРАИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ»

Дар Ӯзбекистон дар қатори дигар корҳои васеъмиқёсе, ки солҳои охир дар роҳи ислоҳоти мамлакат амалӣ мегарданд, ба рушди адабиёту фарҳанг низ эътибори алоҳида нигаронда мешавад.

 Воқеан, мардуми мо дорои тамаддуни ғанӣ буда, барои ифодаи эҳсосоти қалби ҳар як нафар эҷодкор имконияти мусоид дастрас аст, ки метавонад ҳиссиёти қалбиашро рӯйи коғаз оварад.  
Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки ба наздикӣ зимни ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Хоразм муайян карда шудаанд, дар шаҳри Хева анҷумани адабие бо номи «Мушоираи Ӯзбекистони Нав» баргузор шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳокимияти вилояти Хоразм, шоирону нависандагон, донишҷӯён ва кормандони дигар созмонҳо ширкат намуданд. Раиси Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Саййид аҳли эҷодро бо ин рӯзи пурфайзи адабӣ таҳният гуфт. Дар чорабинӣ нависандагону шоирони шинохтае, ки аз гӯшаву канори мухталифи ҷумҳурӣ омадаанд, ширкат варзиданд.
Барои баргузории чоранбинӣ мизбон интихоб гардидани Хива тасодуфӣ нест, балки нишонаи он мебошад, ки маркази тамаддуни Хоразм имрӯз ҳам ба майдони адабиёти муосир табдил меёбад.
Эҷодкорон шеърҳои худро дар васфи Ватан, инсон, модар, дӯстӣ, ишқу муҳаббат ва ғайраҳо қироат намуданд. Оид ба равандҳои навшавӣ дар Ӯзбекистони Нав, корҳои бунёдкорие, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти одамон фикру мулоҳизаҳо баён карда шуд. Дар чорабинӣ аз чакидаи қалами эҷодкороне чун Минҳоҷиддин Мирзо, Усмон Азим, Маҳмуд Тоир, Хосият Бобомуродова, Рустам Мусулмон, Фарида Афрӯз, Мунаввара Усмонова, Гавҳар Ибодуллоева, Зебо Мирзо, Салим Ашӯр, Меҳрибон Абдураҳмонова, Хуршеда Ваҳобҷон, Ибодат Раҷабова, Сайёра Самандар, Шодмон Сулаймон, Шодӣ Отамурод, Муҳаммадсиддиқ Раҳматов, Даврон Раҷаб, ҳамчунин, шоирони дигар шунида шуд, ки дар умум атрофи 60 нафар ашъори худро қироат намуданд.
Мулоқоти аҳли қалами кишвар ва шеъру сурудҳои гуногунмавзӯъ  ба иштирокчиёни мушоира рӯҳияи баланд бахшид, бори дигар собит гардид, ки адабиёт ва шеърият дар рушди ҳаёти маънавии ҷомеаи мо нақши носутурданӣ доранд. То вақте ки адабиёт зиндааст, илму тамаддун ривоҷ меёбад, инсондӯстиву ватанпарварӣ тақвият хоҳад ёфт.
«Мушоираи Ӯзбекистони Нав», ки дар шаҳри Хева баргузор мегардад, на танҳо як чорабинии адабиест, ки аҳли эҷодро дар як давра гирд овард, балки ҳамчун майдони мулоқоти маънавию маърифатӣ низ аҳамияти калон пайдо кард. Дар ин мушоира муҳаббат ба Ватани модарӣ, эҳтиром ба қадриятҳои миллӣ ва рӯҳияи навшавиҳо дар кишварамон ифодаи бадеии худро ёфтанд.
Ба ҷойҳои таърихии шаҳри Хеваи бостонӣ саёҳат ташкил карда шуд. Меҳмонон аз ҷумла, мақбараи шоир ва паҳлавони машҳур Паҳлавон Маҳмудро, ки бо ҷавонмардӣ дар таърих ном баровардаасту рубоиҳояш то имрӯз вирди мардум мебошад, зиёрат карданд. Дар чорабинӣ ашъори шоирон ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ, русиву қароқалпоқӣ, туркманӣ ва ғайраҳо садо доданд. Худи ҳамин нишонаи он аст, ки дар Ӯзбекистони Нав ба эҷодиёти адибони гуногунзабон, ки дар кишвар кор ва фаъолият мекунанд, алоҳида арҷ гузошта мешавад.
Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек собиқаи чандинасра дорад ва дӯстии беғарази Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиву Алишер Навоӣ ба рамзи дӯстии ҷовидонии ин ду халқи ҳамҷавор табдил ёфт, ки онро ба дӯстии адабиётҳо низ таъбир кардан мумкин аст. Имрӯз агар дар маҳфилҳои адабии кишвар ашъори тоҷикӣ садо медиҳанд, он идомаи мантиқии анъанаи адабиёти куҳанбунёди минтақа мебошад, ки дар маҳфилҳои адабӣ мушоираҳои хотирмон сурагт мегирифтанд ва чунонки маълум аст, аксари онҳо дар шакли ширу шакар баргузор мешуданд.
 Боиси хушҳолӣ аст, ки дар кишвар анъанаи мушоира ба маънои томаш эҳё мегардад ва барои пешрафти адабиёти муосири Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам меорад. Мушоирае, ки дар Хива шуда гузашт, на танҳо чорабинии шеърхонӣ, балки мулоқоти адабиётҳо, пайванди эҳсосот ва нигоҳе дигар ба шеъру шоирӣ буд, ки аз нав қадру манзалат ва шинохти сухани ноб дар мадди назар қарор мегирад. Мушоира метавонад тамоми эҷодкоронро новобаста аз баромади иҷтимоӣ ва ирқу нажод дар атрофи як ғояи бузург муттаҳид намояд. Ин ғояи бузург ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва сулҳу осоиш буда метавонад, ки ҳама ба он эҳтиёҷ доранд. Аз ин нигоҳ чорабинии мазбур нуқтаи пайванди эҳсосҳо шуда метавонад. Ба қавле “Шоирон аз миллати шеъранд”.
Метавон хулоса кард, ки чорабинии адабии шаҳри Хива дарсе амалӣ барои ҷавонони эҷодкор гардид, ки баъзе асрори эҷоди бадеиро дар симо ва ҳаракату гуфтугӯҳои шоирони машҳури кишвар пайхас намуданд. Дар баробари ин, устодони каломи бадеъ бардоштҳои худро аз маҳфили мушоира баён намуданд, ки ҳама хотирмон ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд.
 
Хусрав Саъдуллоҳ


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: