Дар шаҳри Фарғона бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳокимияти вилояти Фарғона ва бахши вилоятии Иттиҳоди журналистон Медиафоруми III байналмилалӣ ва конфронс сурат гирифт. Он бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ташаккули шуури иҷтимоӣ» роҳандозӣ гардид.
Ин бор дар Медиафорум дар баробари журналистони маҳаллӣ хабарнигорони расонаҳои гуногуни хориҷӣ, инчунин як гурӯҳ журналистон аз Ҳиндустон, Ҷопон, Белорус, Чин ва Қирғизистон ширкат намуданд.
Қабл аз баргузории конфронси медиафорум таҳти унвони «Мусоидтарин маркази сармоягузории Ӯзбекистон» журналистон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои фермерии вилоят ошно шуданд. Дар ин сафари матбуотӣ онҳо дар қадами аввал аз корхонаи муштараки Ӯзбекистон ва Чин – ҶММ «Crown Ceramic», воқеъ дар шаҳри Қувасой боздид карданд. Барои татбиқи лоиҳае, ки моҳи августи соли 2025 оғоз гардидааст, 70 миллион доллари ИМА ҷалб карда шуда, 30 миллион доллари онро маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ ташкил додааст. Корхона ба истеҳсоли плиткаҳои керамогранитӣ бо истифода аз технологияҳои муосир тахассус дода шудааст.
Маълум шуд, ин корхона дар Осиёи Марказӣ ягона буда, имкони истеҳсоли маҳсулот бо андозаҳои то 2 метрро фароҳам овардааст. Дар натиҷаи ба кор даромадани корхона, тақрибан 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафи солонаи содироти корхона 30 миллион доллари ИМА муқаррар гардидааст ва маҳсулоти худро ба кишварҳои минтақа ва берун аз он содир менамояд.
– Метавон гуфт, ки ин лоиҳаи бузург, ки мо онро дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони чинӣ амалӣ карда истодаем, дар Ӯзбекистон беназир аст. Дар кишвари мо корхонае вуҷуд надорад, ки чунин маҳсулотро аз лиҳози сифат ва андозаҳои калони плиткаҳо истеҳсол кунад. Сангҳои одӣ аз ҷӯйборҳо ва теппаҳои Қувасой коркард шуда, ҷузъҳои зарурӣ илова мегарданд ва мавод дар хатти истеҳсолии комилан автоматӣ ба маҳсулоти тайёр табдил дода мешавад, – гуфт директори корхона Бобурҷон Султоналиев.
– Акнун шуморо ба ноҳияи Қӯштеппа раҳнамоӣ мекунам ва шумо бо кластери пахта ва нассоҷии «Global Textile Infinity» ошно мешавед, – иброз намуд рӯзноманигор Муҳаммадҷон Обидов.
– Дар солҳои охир ба ташкили мунтазами фаъолияти хоҷагиҳои кластерӣ, ҳифзи манфиатҳои деҳқонон, баланд бардоштани ҳосилнокии гектарҳо ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи корӣ дар соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта дар 1500 гектар замин пахта парвариш карда шуда, беш аз 80 ҳазор тонна ашёи хоми саноатии арзишманд ҷамъоварӣ гардид, – гуфт роҳбалади мо.
Дарвоқеъ, истеҳсоли пахта омили калидии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мебошад.
Дар айни замон тухми навъҳои пахтаи аз Чин воридшуда дар майдони 62 ҳазор гектар ва аз он шумор дар 23 ҳазор гектар зери плёнкаи пластикӣ ва бо истифода аз технологияи Синзян-Уйғур кошта шудааст. Дар баробари навъҳои воридотӣ, ҳоло навъҳои маҳаллӣ, аз қабили «S-8290», «Ravnak-2», «S-6775» ва «Namangan-77» низ бо истифода аз технологияи нав низ парвариш карда мешаванд. Барои ин кор дар маҷмӯъ 173 агрегати тухмипарварии баландсифат ворид карда шудааст.
Сафари матбуотии журналистон дар хоҷагии ангурпарварии «Хайрулло Баҳром Бойматов»-и ноҳияи Олтиариқ идома кард. Ин хоҷагӣ дар 75 гектар замин як плантатсияи токзор таъсис додааст. Дар ин ҷо корҳои амалӣ оид ба парвариш ва паҳн кардани 15 намуди навъҳои ангури хориҷӣ ва маҳаллӣ анҷом дода мешаванд.
Ногуфта намонад, ки барои таъмини устувории амнияти озуқаворӣ, айни замон дар ноҳияи Олтиариқ 88 анбори яхдон бо иқтидори беш аз 100 тонна фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар асоси дастурҳои дахлдори ҳокими вилоят, сохтани 1000 анбори хурди яхдон дар хонаводаҳо ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар хонаводаҳо 41 анбори яхдон бо иқтидори аз 10 то 30 тонна ба кор андохта шудаанд.
Дар идомаи сафари матбуотӣ журналистон тавонистанд аз чанд корхонаи саноатии дигар, инчунин ҷараёни Ҷашнвораи байналмилалии атласу адрас таҳти унвони «Фарғона – гавҳари водӣ», ки дар маҷмааи илмӣ, маърифатӣ ва сайёҳии «Бурҳониддини Марғинонӣ» баргузор шудааст, боздид намоянд. Маросими кушодашавии ин маҷмаа 27 апрели соли 2026, зимни сафари расмии Президент ба вилояти Фарғона, ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, дар доираи марҳилаи аввал, аллакай шаҳраки хосае барои сайёҳон ва меҳмонон бунёд гардидааст. Он «Хонаи Отабек ва Кумуш», кӯли сунъии масоҳаташ 17 ҳазор метри мураббаъ, боғи шоирону рассомон, маҷмааҳои ҳунармандӣ, меҳмонхона, бозор, инчунин манораҳои баландиашон 27 метрро дар бар мегирад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.