Сохтмони корхонаи тавлиди автобуси барқӣ оғоз ёфт

Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинии «Xiang Yang Tenglong Automobile» ва «GIG Investments» амалӣ мешавад. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик автобусҳои барқии ин корхонаи муштарак дар хидмати аҳолии вилоят ва берун аз он қарор хоҳанд гирифт.

Дар маросими гузоштани санги асоси корхона ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, соҳибкорон ва сармоягузорон, фаъолони ноҳия, аҳли зиё ва намояндагони ҷомеа иштирок карданд.
– Ифтитоҳи сохтмони боз як корхонаи саноатӣ, ки ба тавлиди автобуси барқӣ ихтисос хоҳад ёфт, туҳфаи арзанда ба мардум мебошад. Ҳоло таҳти раҳнамоии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ислоҳоти васеъмиқёс бо суръати баланд идома дорад. Бешубҳа, яке аз намунаҳои ин ислоҳотро мо имрӯз дар ноҳияи Ёзёвон мебинем, ки сохтмони ин корхона оғоз ёфт, – гуфт Хайрулло Бозоров.
 Вай дар идомаи суханронӣ аз номи мардуми вилоят ба соҳибкорон ва сармоягузорони ширкатҳои чинӣ барои саҳмашон дар бунёди корхонаи истеҳсоли автобусҳои барқӣ изҳори сипос намуд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: