Ҳаёти нави осоишгоҳи кӯҳна

Солҳои охир дар соҳаи тандурустии Ӯзбекистон тағйироти назаррас ба амал омада, технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешрафтаи хориҷӣ бештар ба амалияи тиббӣ ворид мешаванд. Яке аз намунаҳои ин раванд фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотии реабилитология ва тибби варзишии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд мебошад.

Институт дар заминаи шифохонаи барқароркунии саломатии вилояти Самарқанд таъсис ёфта, имрӯз ба рушди тибби барқарорсозӣ ва варзишӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Муассиса бо мутахассисони як қатор кишварҳо ҳамкорӣ дорад. Чанде пеш гурӯҳи табибон аз Куриёи Ҷанубӣ дар давоми панҷ рӯз ба сокинони вилояти Самарқанд ройгон кумаки тиббӣ расонданд. Мутахассисони куриёӣ аз усулҳои тибби суннатӣ, аз ҷумла сӯзанзанӣ, моксотерапия, фитотерапия, бодкашӣ ва табобати мануалӣ истифода бурданд.
Муассисаи табобатӣ солҳои 1970 ҳамчун осоишгоҳ сохта шуда, ба сокинони минтақа хидмат расониданро оғоз кард. Дар давоми даҳсолаҳои гузашта роҳбарон, равишҳо ва низоми кори муассиса тағйир ёфтанд. Имрӯз институтро доктори илмҳои тиб, профессор Обид Ҳамидов роҳбарӣ мекунад
Тавре роҳбари институт таъкид мекунад, дар ин давра таъмири асосӣ гузаронида шуда, заминаи моддию техникӣ мустаҳкам ва таҷҳизоти муосири тиббӣ аз кишварҳои гуногун харидорӣ шудааст. Ҳоло бинои нави дорои 200 кат сохта шуда истодааст. Дар он се толори ҷарроҳӣ, шуъбаҳои реабилитологияи кӯдакон ва ҷарроҳӣ, маҷмааи варзишӣ, толори тренажёрӣ ва ошхона бо таомҳои парҳезӣ пешбинӣ шудааст.
Муҳити зебои осоишгоҳ низ аз бартариҳои он мебошад. Дар ҳудуди он беш аз се ҳазор дарахту бутта ва гулҳои гуногун парвариш меёбанд. Ҳавои тоза ва фазои ором барои табобату барқароршавии беморон шароити мусоид фароҳам меорад. Имрӯз дар институт гурӯҳи мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, як қисми кормандон бо корҳои илмӣ машғуланд.
Ба гуфтаи Обид Ҳамидов, ҳадафи минбаъдаи институт рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани фаъолияти он мебошад. Ҳамин тавр, осоишгоҳе, ки таърихи беш аз нимасра дорад, имрӯз симои нав гирифта, ба яке аз марказҳои рушдёбандаи реабитология ва тибби варзишӣ табдил меёбад.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: