Мукофоти ғолибони Олимпиадаи шоҳмот зиёд шуд

Дар Ӯзбекистон ҳаҷми мукофотҳои якдафъаинаи пулӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалии шоҳмот, инчунин мураббиёни онҳо зиёд карда шуд.

Тибқи қарори №ПҚ–346, дар Олимпиада ва Паралимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот байни калонсолон барои медалҳои бадастоварда чунин мукофотҳо муқаррар шудаанд:

 Медали тилло — ба шоҳмотбоз 200 ҳазор доллар ва ба мураббӣ 50 ҳазор доллар;
 Медали нуқра — мутаносибан 100 ҳазор ва 25 ҳазор доллар;
 Медали биринҷӣ — мутаносибан 50 ҳазор ва 12 ҳазору 500 доллар.

Дар Олимпиада ва Паралимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот байни наврасон барои ба даст овардани медали тилло ба шоҳмотбоз 20 ҳазор доллар ва ба мураббӣ 5 ҳазор доллар дода мешавад.

Ҳамчунин, барои ғолибони мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯи таснифи ФИДЕ 15 ҳазор доллар ва барои ғолибони мусобиқаҳои сатҳи Осиё 10 ҳазор доллар мукофот муқаррар шудааст. Шоҳмотбозе, ки унвони гроссмейстери байналмилалиро соҳиб мешавад, 5 ҳазор доллар мукофот мегирад.
Тибқи тартиби қаблӣ, ҳаҷми ин мукофотҳо бар асоси МҲБ муайян карда мешуд. Аз ҷумла, барои ғолиби Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот байни калонсолон 2 ҳазор МҲБ ва барои мураббии ӯ 1 ҳазор МҲБ мукофот пешбинӣ шуда буд.
Акнун бошад, ҳаҷми мукофотҳо бо маблағи муайян ва бо доллари ИМА муқаррар карда шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: