Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми илтиҳоби мушак ва торҳои асаб

Барои тайёр кардани марҳам: ним кило турб, 2 қошуқ асал ва 1 қошуқ намак лозим аст. Нахуст шарбати турбро гирифта, ба он асал ва намак илова намуда, омехта мекунанд. Ин марҳам ҳамчун воситаи таскинбахши дард истифода шуда, онро ҳангоми тарбод (ревматизм), илтиҳоби мушак ва торҳои асаб ба ҷойи дардманд молидан фоида дорад. Агар ба он камтар спирти тиббии сустшуда илова карда шавад, пӯст сурх шуда, дар ҷойи он гардиши хун беҳтар мегардад ва дард кам мешавад.
 
Ҳангоми кабудшавии пӯст
 
Дар натиҷаи латма, осеб хӯрдан ранги пӯст ва пардаҳои луобӣ кабудтоб мешавад. Ин ҳолат ҳангоми ҷамъ шудани хун дар рагҳо ва вайрон шудани гардиши он, инчунин кам шудани оксиген дар хун ба вуҷуд меояд. Ҳангоми осеб дидани бадан низ чунин кабудшавӣ мушоҳида мешавад. Дар чунин ҳолатҳо гузоштани латтаи тар фоида дорад.
 
Барои осон шудани нафаскашӣ
 
Карамро фишурда, шираашро гиред ва дар он ба миқдори муайян равғани кунҷид илова намуда, бо омехтаи омодашуда гулӯро бишӯед. Дар натиҷа  нафаскашӣ осон мешавад ва овози гирифта боз мегардад.
 
Ҳангоми нафастангӣ
 
Ҷӯшобе, ки аз тухми испанд омода карда шудааст, якҷо бо ҷӯшоби тухми зағир ҳангоми тангии нафас ва душвории нафаскашӣ истифода мешавад.
 
Ҳангоми илтиҳоби асаб (неврит)
 
Хардал (хантал, горчица) барои неврит (бод, ревматизм) марҳами хуб мебошад. Барои омода кардани ин дору 200–400 грамм хокаи хардалро бо об омехта мекунанд. Сипас омехтаро ба ваннаи пур аз об рехта, 15 дақиқа дар даруни он меистанд. Дар ин ҳангом ҳарорати об барои занон аз 39 дараҷа ва барои мардон аз 43 дараҷа набояд баланд бошад. Шахсоне, ки дили заиф доранд, дар оби 38–39 дараҷа 3–5 дақиқа нишинанд кифоя аст.
 
Ҳангоми бӯйи нохуши даҳон
 
Бӯйи нохуши даҳон аз мушкилоти меъдаву рӯда сарчашма мегирад, асосан аз хатари бемории диабети қанд ба организм дарак медиҳад. Албатта, дар чунин ҳолатҳо, истифодаи воситаҳои гуногуни дандоншӯӣ мувофиқи мақсад аст. Агар ин чора кӯмак накунад, чӣ бояд кард? Дар он сурат бештар сабзӣ, бобуна (ромашка), чойи пудинадор бинӯшед. Инчунин, 1 қошуқ содаи хӯрданӣ ва пероксиди гидрогенро дар 1 истикон об омехта карда, бо ин маҳлул саҳар ва шом дандонҳоро шуста, даҳонро ғарғара намудан, на танҳо бӯйи нохушро бартараф мекунад, балки дандонҳоро сафед ҳам менамояд.
 
Ҳангоми бемории шуоӣ (нурланиш)
 
Равғани мурч барои табобати бемории шуоӣ истифода мешавад.
Тарзи гирифтани равған чунин аст: 300 грамм мурч ва 25 грамм намакро дар 1,8 литр об омехта карда, чанд рӯз дар ҷойи гарм нигоҳ медоранд. Танҳо пас аз турш шуда, ба «ҷӯшидан» оғоз намудани омехта, онро дар оташи пасти чӯби тут меҷӯшонанд. Баъд равғанеро, ки дар рӯйи об ҷамъ меояд, ҷудо карда мегиранд. Аз ин равған дар як рӯз то се қатра истифода бурдан мумкин аст.

(Давом дорад).
 
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: