Нони нав аз танӯр баромад

Китоб бузургтарин ва нодиртарин бозёфти инсоният аст, ки он беҳтарин сарчашмаи олами маърифат ва хирад мебошад.

Маҳз китоб инсонро ба фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш, рушду нумӯи маънавияти волову худшиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад.

Хушбахтона, солҳои охир ҷевонҳои китоби моро китобҳои тозаи хонданӣ пур мекунанд. Ба наздикӣ маҷмуаи чоруми мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё Шариф Халил (Холов) бо номи «Вақте ситораҳо хуспиданд» дар нашриёти «Адабиёти бачагона»-и шаҳри Душанбе рӯйи чопро дид.

Адиб бо осори насрӣ сарукор дорад, қаламиҳояш дар матбуоти даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон интишор ёфтаву мавриди таваҷҷуҳи муштариён қарор гирифтаанд. Навиштаҳои ӯ, ки самимиянду аз дил мебароянд, ба дилҳо ҷой мегиранд.

Ҳикояҳои муаллиф ҳама ҳаётӣ ҳастанд, яъне бардоштаҳое аз зиндагии воқеӣ мебошанд. Бештари қаҳрамон ва персонажҳои ҳикояҳо бо Шариф Халил ё ҳамдиёру ҳамгузар ё ҳамсолу рафиқ, ё хешу таборанд.

Дар навиштаҳои «Вақте ситораҳо хуспиданд» самимияти гуфтору нақли муаллиф бештар эҳсос мегардад, ки ин муштариёнро бефарқ намегузорад. Муҳтавои китоб хонандаро ба омӯхтани илму дониш, хислатҳои неки инсонӣ, шукргузорӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба падару модар, саҳмгузорӣ ба рушду равнақи ҷамъияту Ватан ва ба инсофу диёнат даъват менамояд. Ин омилҳо барои тарбияи ҷавонон ва ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳо дастурамали хубест.

Шариф Халил дар навиштани ҳикояҳо роҳи равиши хоси худро дорад. Барои тақвияти фикр дар оғози баъзе ҳикояҳояш ҳикмату байтҳои обдоре меорад. Гӯё бо мухтасарбаёнӣ мазмуну муҳтавои бисёреро ғунҷоиш додааст. Ӯ кӯтоҳбаёнӣ карда, гапҳои таҳи дилашро бо сенуқтаҳо илқо менамояд. Дар тасвир ва ифодаи мақсаду маром аз забон ба заргарона истифода бурдан мекӯшад. Бинобар ҳамин, аксари навиштаҳояш ба дилу рӯҳи хонанда панҷа зада, ба дурудароз андеша кардан маҷбур месозад. Дили соф ва виҷдони поки эҷодкор ҳам ба ин такон мебахшад. Бинобар ҳамин, ӯ ҳаргиз тамошобин шуда наметавонад. Ба беадолатӣ ва носозиҳои рӯзгор муросокор нест ва бар зидди онҳо овоз баланд менамояд.

Умед аст, ки маҷмӯаи «Вақте ситораҳо хуспиданд», ки бо тозагӣ ва гармиаш ба нони нав аз танӯр баромада шабоҳат дорад, эҳтиёҷи маънавии дӯстдорони китобро қонеъ сохта, дар миёни хонандагон ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо хоҳад кард.

Далер Азизов, хабарнигори

«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: