Худат бош, зеботар бош

Тоҷире дар ҳавлии қасраш навъҳои гуногуни дарахтон, гиёҳон ва гулҳоро парвариш карда, боғи бисёр зебое ба вуҷуд оварда буд. Ҳар рӯз беҳтарин истироҳати ӯ сайругашт дар боғ ва лаззат бурдан аз тамошои он буд.

Рӯзе тоҷир ба сафар рафт. Ҳангоми бозгашт, дар аввалин фурсат ба боғаш рафт. Аммо бо дидани манзараи он дар ҷой шах шуда монд: қариб ҳамаи дарахтону гиёҳон пажмурда ва дар ҳоли хушк шудан буданд.

Тоҷир назди дарахти санавбар, ки пештар бисёр сарсабз буд, рафта пурсид:

— Чӣ иттифоқе рух дод?

Дарахт ҷавоб дод:

— Ман ҳамеша ба дарахти себ бо ҳасрат менигаристам ва бо худ мегуфтам: «Ман ҳаргиз наметавонам мисли ӯ меваҳои ширин ба бор оварам». Аз ин андеша чунон нороҳат шудам, ки оҳиста-оҳиста ба хушк шудан оғоз кардам.

Тоҷир назди дарахти себ рафт ва дид, ки он низ хушк шудааст. Иллатро пурсид.

Дарахти себ гуфт:

— Ҳар боре ки ба гули сурх менигаристам ва бӯйи хуши онро эҳсос мекардам, бо худ мегуфтам: «Ман ҳаргиз чунин бӯйи хуше дошта наметавонам». Аз ин ҳасрат ман ҳам ба хушк шудан оғоз кардам.

Тоҷир назди гули сурх рафт ва дид, ки он низ хушк шудааст. Сабабашро пурсид.

Гули сурх гуфт:

— Ман ба чанор ҳасрат мебурдам, зеро наметавонам мисли ӯ дар фасли тирамоҳ ҳам зебову дилкаш бошам.

Мард ба гардиши худ дар боғ идома дод ва ниҳоят ба буттае расид, ки бисёр сарсабзу зебо буд. Тоҷир аз ӯ пурсид:

— Чаро ту мисли дигарон хушк нашудаӣ?

Бутта ҷавоб дод:

— Дар аввал ман ҳам ба хушк шудан оғоз кардам, зеро на бузургии санавбарро доштам ва на бӯйи хуши гули сурхро. Аммо баъд каме андеша кардам ва бо худ гуфтам: «Ин марди тоҷир, ки чунон сарватманду тавоност, ки чунин боғи зеборо ба вуҷуд овардааст, метавонист ба ҷои ман ҳар чизи дигареро парвариш кунад. Аммо ӯ маро интихоб карда, парвариш додааст. Пас, ҳатман мехостааст, ки ман вуҷуд дошта бошам».

Аз ҳамон лаҳза тасмим гирифтам, ки то метавонам, зеботарин ва беҳтарин шакли худ бошам.

Зебоии ҳақиқӣ дар муқоисаи худ бо дигарон нест. Ҳар мавҷудот арзишу ҷойгоҳи хоси худро дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: