Занони коргар дар Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна нисбат ба мардон 34 фоиз камтар маош мегиранд. Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки ин тафовут аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ низ баландтар аст.
Ба ин ҳолат, аз ҷумла, бештар кор кардани занон дар соҳаҳое чун маориф ва тандурустӣ, ки маош дар онҳо нисбатан пасттар аст, инчунин масъулиятҳои оилавӣ таъсир мерасонанд.
Аз ҷумла, эҳтимоли иштироки занони дорои фарзанди 0–2 сола дар бозори меҳнат нисбат ба занони бефарзанд 36 фоиз камтар аст. Агар 96 фоизи мардони 25–29 сола дар бозори меҳнат фаъол бошанд, ин нишондиҳанда миёни занони ҳамин синну сол 38 фоизро ташкил медиҳад. Дар байни занони шавҳардор бошад, он боз ҳам пасттар буда, 33 фоизро ташкил мекунад.
Тибқи таҳлили Бонки ҷаҳонӣ, 38 фоизи корхонаҳо изҳор доштаанд, ки имконияти занон барои расидан ба вазифаҳои роҳбарикунанда маҳдудтар аст.
Барои афзоиши иштироки занон дар бозори меҳнат Бонки ҷаҳонӣ тавсия медиҳад, ки хизматрасониҳои дастрас барои нигоҳубини кӯдакон васеъ карда шуда, имкониятҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси занон бештар гардонида шаванд.