Теннис дар Ӯзбекистон оммавӣ карда мешавад

Бо қарори Президент барои ворид намудани теннис ба қатори намудҳои варзиши ояндадор чораҳо андешида мешаванд.

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои оммавӣ гардонидан ва рушди теннис» (ҚП–347, аз 21 сентябри соли 2026) қабул гардид.
Тибқи қарор, то соли 2030 расонидани шумораи ҳавасмандони доимии теннис ба 3 ҳазор нафар, зиёд намудани теъдоди мураббиёни ин навъи варзиш то 200 нафар ва ворид шудан ба панҷгонаи беҳтарини Осиё аз рӯи теннис ҳамчун ҳадафҳои асосӣ муайян шудаанд.
Ҳамчунин, барои ба қатори намудҳои варзиши ояндадор ворид намудани теннис чораҳо андешида мешаванд.
Аз 1 октябри соли 2026 дар Ӯзбекистон баргузории мунтазами мусобиқаҳои зерин оид ба теннис ба роҳ монда мешавад:
- мусобиқаҳои байналмилалии теннис таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи теннисбозони касбӣ (ATP), Ассотсиатсияи тенниси занона (WTA) ва Федератсияи байналмилалии теннис (ITF);
- Ҷоми Ӯзбекистон миёни наврасон ва калонсолон;
- Чемпионати ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон, наврасон ва калонсолон;
- мусобиқаи байналмилалии «Uzbekistan Open» миёни калонсолон;
- мусобиқаи байналмилалии «ATP Challenger» миёни мардон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: