Рӯзи 25 сентябр ҳарорати ҳаво дар аксари ҳудудҳои Ӯзбекистон каме паст шуда, дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар қаторкӯҳҳои баланд боришот метавонад ба барф табдил ёбад.
«Ӯзгидромет» пешгӯии обу ҳаворо барои 25 сентябр нашр кард.
Дар шаҳри Тошканд ҳаво тағйирёбанда шуда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал омаданаш мумкин аст. Суръати шамоли шарқӣ 3–8 метр дар як сонияро ташкил медиҳад. Ҳарорат шабона 14–16 ва рӯзона 26–28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм ҳаво камабр ва дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда мешавад. Боришот дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 10–15 ва рӯзона 25–30 дараҷа мешавад.
Дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ ҳаво камабр ва дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда мешавад. Боришот дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 ва рӯзона 25–30 дараҷа мешавад.
Дар вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқанд ҳаво камабр ва дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда мешавад. Боришот дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 ва рӯзона 25–30 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Тошканд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 ва рӯзона 25–30 дараҷа мешавад.
Дар вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё ҳаво камабр ва дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда мешавад. Боришот дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 ва рӯзона 28–33 дараҷа мешавад.
Дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал омаданаш мумкин аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 13–18 ва рӯзона 23–28 дараҷа мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар кӯҳҳои баланд боришот метавонад ба барф табдил ёбад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад ва дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр дар як сония шиддат мегирад. Ҳарорат шабона 9–14 ва рӯзона 15–20 дараҷа мешавад.