Дар “Ӯзэкспомарказ”-и шаҳри Тошканд рӯзҳои 22-24 сентябр 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноати пластикӣ ва полимерӣ баргузор гардид.
Дар он истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон, дилерҳо, дистрибюторҳо ва мутахассисони 255 ширкат аз Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Олмон, Русия, Чин, Италия, Австрия, Арабистони Саъудӣ, АМА, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва амсоли он ширкат намуданд.
Намоишгоҳ ашёи хом ва масолеҳи полимерӣ, таҷҳизот барои истеҳсол ва коркарди пластикӣ, экструзия ва қолаббандии тазриқӣ, қолабҳо, автоматизатсия, коркарди такрорӣ, кимиёвӣ ва нафт, технологияҳои бастабандӣ ва истеҳсоли 3D-ро ба маърази намоиш гузошт.
Махсусан намоиши кори дастгоҳҳои марбут ба технологияҳои замонавӣ қобили таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки бевосита дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни палостикӣ истеҳсол намуданд ва харидорони худро пайдо карданд. Ба ибораи дигар, аз ашёи хом ва таҷҳизот то маҳсулоти тайёр ва бастабандӣ — тамоми саноати пластикӣ ва полимерӣ дар як платформа ҷойгир карда шуд.
Шаҳри Тошканд ба намоишгоҳи дигари байналмилалии «Кишвари стартапҳо: Ҳафтаи ICT Uzbekistan 2026» низ мизбонӣ кард ва дар он коршиносон, стартапҳо ва ширкатҳои пешбари ҷаҳонро дар як ҷо гирдиҳам овард. Он се рӯз давом кард ва аз бузургтарин чорабинии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ шумурда шуд. Зеро Amazon, Apple, Nvidia, Meta, Oracle, Huawei, ZTE, Coursera — бузургҷуссаҳо — иштирокчиёни Ҳафтаи ICT Uzbekistan 2026 буданд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 стенди намоишии ширкатҳои хориҷӣ ва маҳаллии IT, зиёда аз 2 ҳазор нафар меҳмон ва сармоягузорони хориҷӣ, коршиносон, инчунин зиёда аз 1000 стартап дар як ҷо ҷамъ омаданд. Ҳафтаи ICT Uzbekistan на танҳо як чорабинии бузурги технологӣ муаррифӣ гардид, балки ба як платформаи беназир барои муҳокимаи технологияҳои оянда, рамзи эътимоди байналмилалӣ ва инъикоси равшани тағйироти ҷаҳонӣ, ки дар кишвари мо рух медиҳанд, мубааддал шуд.
Дар тӯли чор рӯз теъдоди иштирокчиёни он ба беш аз 25 ҳазор нафар расид, ки 55 дарсади онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил доданд. Дар доираи намоишгоҳ беш аз 20 форум ва нишастҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Ҳамчунин, навовариҳои охирин дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, блокчейн, IoT, FinTech, тиҷорати электронӣ ва GameDev дар намоишгоҳи ICT Expo – 2026, ки дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ фаъолият намуданд, таҳти муаррифӣ қарор дода шудаанд. Ба гуфтаи дастандаркорони он дар чорабинӣ беш аз 30 фонди венчурии байналмилалӣ ва маҳаллӣ - фондҳои венчурӣ ба монанди Princeville Capital, Golden Gate Ventures, Pegasus Tech Ventures, Gobi Partners, Hypernova Capital, Alchemist, Purple VC, Domino Ventures, Leo Capital, ThinKuvate Ventures, Tenity, IT Park Ventures, Aloqa Ventures - барои дастгирӣ ва маблағгузории стартапҳо дар Ӯзбекистон иштирок карданд.
Ҳафтаи ICT Uzbekistan 2026 на танҳо як платформа барои намоиши навовариҳо ва роҳҳои ҳалли нав аст, балки он инчунин як қадами муҳим барои стартапҳо барои муаррифии маҳсулоти худ, пайваст шудан бо сармоягузорон ва шарикон, ворид шудан ба бозорҳои нав ва табдил шудан ба маркази минтақавии IT барои Ӯзбекистон мебошад. Гуфта мешавад, дар форум, стендҳои миллӣ аз ИМА, Чин, Ҷопон, Гурҷистон, Уммон, Туркия, Тоҷикистон ва Русия охирин таҳаввулоти ин кишварҳоро муаррифӣ гардиданд.
Ин чорабинӣ имконияте буд барои огоҳ будан аз тамоюлҳои охирини технология, инчунин барқарор кардани робитаҳо барои ҳамкории оянда, мулоқот бо стартапҳо ва сармоягузорон, ворид шудан ба бозорҳои нав ва табдил шудан ба қисми ояндаи рақамӣ.
Ҳафтаи мазкур аз соли 2004 бо ҳадафи табдил додани Ӯзбекистон ба маркази минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ - маркази IT, афзоиши содироти хидматрасонии IT аз ҷониби кишвар, эҷоди платформа барои мубодилаи таҷриба ва намоиши дастовардҳои навтарини технологияҳо ва инноватсияҳои муосир, инчунин ҷолибияти бозори IT барои сармоягузорони хориҷӣ баргузор мешавад.
Дар доираи мавзӯи имсолаи "Киишвари стартапҳо", Ҳафтаи ICT барои стартапҳо на танҳо имкон дод, ки лоиҳаҳои худро муаррифӣ кунанд, балки бо сармоягузорон, ширкатҳои технологӣ ва шарикони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.