Китоби "Оқсойи ман" рӯнамоӣ шуд

Дирӯз дар мактаби мо бахшида ба тақдимоти китоби «Оқсойи ман»-и муаллима Норхол Бӯронова чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар тадбир, ки бо мақсади тарғиби китобхонӣ, баланд бардоштани завқи мутолиаи хонандагон, шиносоӣ бо осори эҷодии омӯзгорон ва адибони маҳаллӣ, инчунин рушди маърифати адабию фарҳангии донишомӯзон доир шуд, шоиру нависандагон, меҳмонону фаъолони маҳаллаю омӯзгорону хонандагон иштирок карданд.
Чорабиниро муаллима Гулрухсор Расулова ифтитоҳӣ бахшида, дар бораи аҳамияти китоб, нақшу таъсири он дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон ҳарф зад.
Дар идома хонандагони мактаб дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва меҳнатии муаллима Норхол Бӯронова, мазмуну моҳияти китоби «Оқсойи ман» ва аҳамияти он маълумот доданд. Аз китоб порчаҳо қироат карданд.
Сипас, устодон Шодӣ Расулов, Бахтиёри Ҷумъа, Насриддин Набиев ва дигарон дар бораи заҳмати эҷоди китоб, аҳамияти мутолиа, инчунин, фаъолияти эҷодии муаллиф ҳарф зада, таъкид намуданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои бедор намудани шавқи китобхонӣ дар дили хонандагон, рушди қобилияти суханронии онҳо ва таҳлили асарҳои адабӣ аҳамияти калон дорад.
Қироати шеъри ноби тоҷикӣ аз ҷониби Хиромон Бобосаидова ва дигар меҳмононро хуш истиқбол намуданд.
Дар анҷом муаллиф Норхол Бӯронова дар бораи мақсади таълифи китоби "Оқсойи ман", мушкилоти раванди эҷод маълумот дода, ба ҳамагон барои иштирок ва дастгирӣ миннатдории худро изҳор намуд.
Аз тарафи маъмурияти мактаб ба муаллиф туҳфаҳои хотирмон супурда шуд. Меҳмонон низ дар навбати худ ба иштирокдорони китобҳои худро ҳадя намуданд.
Бо як сухан, рӯнамоии китоби «Оқсойи ман» барои шиносоии бештари донишомӯзон ва аҳли деҳа бо фаъолияти эҷодии муаллима Норхол Бӯронова заминаи хуб фароҳам овард.

Ҷамшед ЗАМОНОВ,
ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию маърифатии мактаби таълими ҳамагонии рақами 13-уми деҳаи Оқсойи ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: