Ҷопон имкони истифодаи роботҳои одамшаклро дар соҳаи мудофиаи миллӣ баррасӣ мекунад.
Дар ин бора агентии Kyodo хабар медиҳад.
Ба гуфтаи як мақоми баландпояи Вазорати мудофиаи Ҷопон, зеҳни сунъӣ метавонад ба воситаи муассире барои иваз ё пурра кардани амалиётҳое табдил ёбад, ки ҳоло аз ҷониби шумораи маҳдуди кормандон иҷро мешаванд.
Қарор аст роботҳо барои назорати пойгоҳҳои ҳарбӣ ва интиқоли мавод истифода шаванд. Ин тадбир ба коҳиш додани шумораи ҳайати шахсӣ дар шароити норасоии неруи корӣ дар кишвар равона шудааст.
Ҳамзамон, ҳукумати Ҷопон интизор надорад, ки роботҳои одамшакли мусаллаҳ дар амалиёти ҷангӣ истифода шаванд.
Бино ба гузориши Kyodo, дар оянда истифодаи роботҳо дар амалиёти иктишофӣ ва наҷотдиҳӣ низ дар назар аст.