Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар даври 8-уми Олимпиадаи шоҳмот дар рақобати шадид ва оштинопазир аз Олмон бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд.
Ин аввалин мағлубияти шоҳмотбозони мо дар мусобиқа мебошад.
Олмон дар ин Олимпиада барои шоҳмотбозони Ӯзбекистон рақиби ношинос нест. Ин даста пештар мунтахаби Ӯзбекистон-3-ро бо ҳисоби 3,5:0,5 ва дар даври баъдӣ мунтахаби Ӯзбекистон-2-ро бо ҳисоби 2,5:1,5 мағлуб карда буд. Мутаассифона, дар даври 8-ум онҳо бар тими асосии Ӯзбекистон низ бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуданд.
Яке аз натиҷаҳои назарраси Олмон дар ин мусобиқа дар даври 5-ум ба даст омад. Шоҳмотбозони олмонӣ дар ин давр бар тими ИМА, ки таҳти рақами 1-уми рейтингии мусобиқа қарор дошт, бо ҳисоби 2,5:1,5 ғалаба карданд.
Ҳарчанд Олмон дар даври 6-ум аз Чин бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд, дар даври 7-ум Туркияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, дубора ба зинаҳои болоии ҷадвал баргашт.
Мунтахаби занонаи Ӯзбекистон бошад, бар дастаи номдори Нидерландия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, мухлисони худро шод кард.
Дар рақобатҳои мардон мунтахаби Ӯзбекистон бо шарофати нишондиҳандаҳои иловагӣ мавқеи аввалро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ медорад.
Дар рақобатҳои занон бошад, дастаи Чин бо 15 хол дар зинаи аввал қарор дорад. Духтарони Ӯзбекистон бо 13 хол мақоми шашумро ишғол мекунанд.
Ҳанӯз се даври дигар боқӣ мондааст. Дар ҳар се давр моро рақобатҳои муҳим интизоранд. Шоҳмотбозони мо бо дастаҳои пурқувват — ИМА, Нидерландия ва Арманистон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Ба писарону духтарони мо дар вохӯриҳои оянда пирӯзиҳои бузург орзумандем.
Абдулазиз ЙӮЛДОШЕВ, «Халқ сўзи»