Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Гурҷистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Ираклий Кобахидзеро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва ба мардуми Гурҷистон осудагиву шукуфоии пойдор орзу намуд.

Дар доираи татбиқи тавофуқҳое, ки 2–3 июли соли ҷорӣ дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Гурҷистон ба даст омаданд, масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Гурҷистон баррасӣ шуданд.

Ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ, инчунин таҳкими пайвастагии нақлиётӣ тавассути истифодаи босамари имкониятҳои инфрасохтори бандарҳои Поти ва Анаклияи Гурҷистон диққати махсус дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: