Дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон (U-23) дар даври чорякфиналии Бозиҳои Осиё тими Арабистони Саудиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, ба даври нимфинал роҳ ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 12-уми бозӣ Дилшод Муртозоев кушод. Дар нимаи дуюм Азизбек Тӯлқинбеков дар дақиқаи 77-ум голи дуюми Ӯзбекистонро ба самар расонд.
Дар дақиқаҳои охири дидор Фирдавс Абдураҳмонов дар дақиқаи 87-ум ҳисобро ба 3:0 расонд ва пирӯзии тими Ӯзбекистонро таъмин кард.
Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон бо натиҷаи 3:0 бар Арабистони Саудӣ ғалаба карда, ба нимфинали Бозиҳои Осиё роҳ ёфт. Фирдавс Абдураҳмонов намояндаи бошгоҳи «Динамо» мебошад.