Кадом ғизоҳо ба гурда зарар мерасонанд?

Истеъмоли зиёди маҳсулоте, ки аз ҳад зиёд коркарди саноатӣ дида мешавад, метавонад ба саломатии гурдаҳо таъсири манфӣ расонад.

Дар ғизои имрӯза маҳсулоти аз ҳад зиёд коркардшуда ҷойгоҳи васеъ доранд. Истеъмоли зиёди чунин маҳсулот метавонад хатари гирифтор шудан ба бемориҳои музмини узвҳои гуногун, аз ҷумла бемориҳои гурдаҳоро афзоиш диҳад. Дар ин бора олимони Донишгоҳи тиббии Лодз дар баррасии натиҷаҳои таҳқиқот, ки дар маҷаллаи Nutrients нашр шудааст, хулоса кардаанд, менависад lenta.ru.
Муҳаққиқон маълумоти мавҷударо дар бораи таъсири маҳсулоти аз ҳад зиёд коркардшуда ба рушди бемории музмини гурдаҳо омӯхтанд. Ба ин гурӯҳи маҳсулот нӯшокиҳои ширини газдор, таомҳои тайёр, аз ҷумла ғизоҳои яхкардашуда ва барои дубора гарм кардан пешбинишуда, ҳасиб ва дигар маҳсулоти коркардшудаи гӯштӣ, чипсҳо, шириниҳо, маҳсулоти қаннодии мағозаҳо ва баъзе навъҳои ғизои зудтайёр дохил мешаванд.
Дар таркиби чунин ғизоҳо одатан миқдори зиёди намак, шакари иловашуда, равғанҳои сершуда ва ғизоҳои иловагӣ мавҷуд буда, миқдори нахҳои ғизоӣ ва моддаҳои муфид дар онҳо кам аст.
Таҳлил нишон додааст, ки истеъмоли бештари маҳсулоти аз ҳад зиёд коркардшуда бо афзоиши хатари бемории музмини гурдаҳо, зудтар коҳиш ёфтани суръати филтратсияи гурдаҳо ва пешрафти босуръати бемории аллакай мавҷуда алоқаманд аст.
Ба гуфтаи олимон, таъсири манфии чунин ғизо метавонад бо чанд омил вобаста бошад. Аз ҷумла, он метавонад боиси илтиҳоби музмин, фишори оксидшавӣ, баланд шудани фишори хун ва халалдор шудани мубодилаи моддаҳо гардад. Ин равандҳо метавонанд бо мурури замон ба бофтаҳои гурда осеб расонанд.
Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки иваз кардани маҳсулоти аз ҳад зиёд коркардшуда бо ғизоҳои камтар коркардшуда, аз ҷумла сабзавот, ғалладонагиҳои пурра, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти аз нах бой, метавонад яке аз роҳҳои ҳифзи саломатии гурдаҳо бошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: