Дар Ӯзбекистон 125 ҳазор камераи зеҳнӣ насб мешавад

Дар Ӯзбекистон нақша доранд, наздики 125 ҳазор камераи зеҳнии назоратиро ба як низоми ягона пайваст кунанд.

Барои ин иқтидори ҳисоббарории платформаи «Шаҳри бехатар» васеъ карда мешавад.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон  хабар дод.
Маркази рушди низомҳои «Шаҳри бехатар»-и Вазорати корҳои дохилӣ барои ин мақсад хариди давлатии таҷҳизоти сервериро эълон кардааст.
Тибқи нақша, дар солҳои 2026–2027 қариб 125 ҳазор камераи зеҳнии назоратӣ, ки дар маҳаллаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд насб карда мешаванд, ба платформаи «Шаҳри бехатар» пайваст хоҳанд шуд.
Барои ин дар тамоми 8992 маҳаллаи кишвар, аз ҷумла 585 маҳаллаи шаҳри Тошканд, 630 сервери шинохти чеҳра, 52 сервер барои нигоҳдории маълумоти видеоӣ ва 14 сервер барои нигоҳдории маълумоти муайянкунии рақамҳои давлатии воситаҳои нақлиёт харидорӣ карда мешавад.
Ба ин тартиб, имкониятҳои техникии низоми «Шаҳри бехатар» барои қабул, коркард ва нигоҳдории ҳаҷми зиёди маълумоти аз камераҳо воридшаванда ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Хариди давлатӣ дар шакли як лот баргузор мешавад. Супориши техникӣ аз экспертизаи ҳамаҷониба гузаронида шудааст. Дар ҳуҷҷатҳо талабот нисбат ба истеҳсолкунанда ё тамғаи мушаххаси молӣ пешбинӣ нашуда, шарти «ё муодили он» муқаррар шудааст.
Масъулон таъкид кардаанд, ки арзиши ниҳоии харид дар натиҷаи баргузории хариди давлатӣ муайян хоҳад шуд.
Лоиҳа ба таъмини амният дар маҳаллаҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва васеъ намудани имкониятҳои ошкорсозии фаврии ҷиноятҳо равона шуда, ҳамчунин ба рушди истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар
 фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: