Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 сентябр раиси Маркази байналмилалии коммуникатсияи фарҳангии Чин Лонг Юйсян ва муассиси ширкати «JDB Group»-и Ҳонконг Чан Хунтонро қабул кард.
Масъалаҳои боз ҳам амиқтар намудани муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни Ӯзбекистон ва Чин дар ҳама шароит баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки Марказ дар таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанбаи кишварамон бо Чин саҳми назаррас мегузорад. Дар соҳаҳои рушди муштараки инфрасохтор, сармоягузорӣ ва саноати «сабз» як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуданд.
Рушди инфрасохтори муосири шаҳрӣ, нақлиётӣ ва саноатӣ, инчунин соҳаи геология ба сифати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкати «JDB Group» дар Ӯзбекистон муайян гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот аз рӯйи суръат бахшидан ба лоиҳаҳои татбиқшаванда ва нави муштарак бо иштироки ширкат ба мувофиқа расиданд.