Соли 1981 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади даъват ба сулҳу субот, даст кашидан аз зӯроварӣ ва қатъи ҷангу талошҳо 21 сентябрро Рӯзи байналмилалии сулҳ муқаррар кард.
Аз соли 2001 бо қарори он Рӯзи байналмилалии сулҳ чун санаи даст кашидан аз зӯроварӣ ва боздоштани амалиёти ҳарбӣ қайд карда мешавад.
Шукри беҳад, ки дар кишвари мо чун дар аксар мамлакатҳои дунё сулҳу осоиш пойдор аст. Ин неъмати бузургтаринест, ки насиби мардуми кишварҳост. Вале, мутаассифона сулҳу салоҳ ҳанӯз на дар ҳамаи мамолики олам барқарор аст. Ҷанги байни Русия ва Украина, моҷарои ИМА ва Эрон то ҳол идома доранд. Мо бовар дорем, ки ҷангу муноқишаҳои дунёи кунунӣ низ ҳар чи зудтар хотима ёбанд.
Хушбахтии сокинони Осиёи Марказӣ дар он аст, ки роҳбарони кишварҳои ҳамсоя аксар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сарҳадӣ ва ғайраро дар атрофи мизи музокираҳо бо эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва анъанаҳои милливу умумиинсонӣ ҳаллу фасл карданд, ки бидуни шубҳа, аз ҳамдӯстии халқу миллатҳои маскуни ин қитъаи Замин дарак медиҳад.
Дар ин росто саъю кӯшиш, ташаббус ва сиёсати дурандешонаи Президент муҳтарам Шавкат Мирзиёев ибратбахш аст.
Табиист, ки халқҳои олам ҷонибдори сулҳу салоҳ ва ҳаёти орому осоишта ҳастанд ва рӯзе ақли солим ғалаба мекунаду ба ин мақсади неки худ мерасад.
Ҷангҳое, ки дар таърихи инсоният воқеъ шудаанд, сабаби марги аз 500 миллион то 1 миллиард нафар гардидаанд. Зарари моддӣ ва молиявӣ, ки онҳо расидааст, дар эквиваленти замонавӣ ба даҳҳо квадриллион доллар баробар мебошад.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷиҳати талафоти инсонӣ (70-85 млн.) аз фоҷиабортарин рӯйдодҳои таърихи муосир аст. Дар ин ҷанг ҳам низомиён, ҳам аҳолии осоишта қурбон шудаанд.
Шубҳае нест, ки ҷанг ба иқтисоди давлатҳо зарарҳои калони иқтисодӣ ва молиявӣ мерасонад, зеро маблағҳои бузург барои хариди техникаи ҳарбӣ, силоҳ, таъминот ва нигоҳдории артиш сарф мешаванд.
Ғайр аз хароҷоти мустақими ҳарбӣ, ҷангҳо боиси вайрон шудани корхонаҳо, роҳу пул, нерӯгоҳ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти муҳим мегарданд. Пас аз анҷоми ҷанг давлатҳо маҷбур мешаванд, ки маблағи зиёдро барои барқарорсозӣ сарф намоянд. Ҷанг инчунин боиси коҳиши истеҳсолот, афзоиши қарзи давлатӣ, бекорӣ, кам шудани савдо ва паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мешавад.
Оқибатҳои ҷанг танҳо бо талафоти ҷонӣ ва иқтисодӣ маҳдуд намешаванд, онҳо фоҷиаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ доранд. Миллионҳо одамон ба депрессия дучор гашта, аз хонаву ҷойи зисти худ маҳрум ва кӯдакон аз таҳсил ва зиндагии муқаррарӣ бенасиб мегарданд.
Омӯзиши таърихи ҷангҳо бояд ба мо ва наслҳои нав сабақ гардад, то сулҳу салоҳро қадр карда бошем. Маҳз сулҳ ва ҳамҷиҳатӣ аст, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ оромиву осоиштагӣ ҳукмфармост. Аз ҷумла мардуми Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар чунин муҳити барои бунёдкорӣ мусоид зиндагӣ мекунанд. Дар диёрамон баргузор гардидани чорабиниҳои гуногуни байналхалқӣ, пайваста зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ далели он аст, ки Ӯзбекистон бо суръат ривоҷ меёбад, пеш меравад ва дар байни давлатҳои дунё мақоми сазовори худро дармеёбад.
Алъон дар шаҳри Самарқанд баргузор шудани мусобиқаҳои байналмилалии триатлон ва олимпии шоҳмот бесабаб нест. Зеро ин қабил чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро дар кишваре мегузаронанд, ки арзишҳои умумиинсонӣ чун дӯстӣ, меҳр, сулҳу субот ва ғайра ҳамеша пос дошта мешаванд. Бигузор чунин муҳити дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва барои рушди кишвар мусоид дар тамоми дунё поянда бошад.
Тошқул АЗИМОВ, адиб.