Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии пешниҳодҳо оид ба такмил додани низомҳои ҷудо намудани субсидияҳо ва суғурта дар соҳаи кишоварзӣ шинос шуд.
Солҳои охир доираи дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби давлат густариш ёфта, раванди ҷудо намудани субсидияҳо марҳила ба марҳила рақамӣ мешавад. Соли ҷорӣ шумораи субсидияҳои соҳа ба 29 самт ва 91 навъ расида, барои ин мақсадҳо 2,7 триллион сӯм маблағ пешбинӣ шудааст. Дар як қатор самтҳо аризаҳо ба таври проактивӣ ташаккул ёфта, муҳлати пардохтҳо ба таври назаррас ихтисор шудааст.
Дар тақдимот таъкид гардид, ки минбаъд субсидияҳо бояд на танҳо барои ҷуброни хароҷот, балки ба натиҷаи мушаххас вобаста карда шаванд. Аз соли оянда тадриҷан аз модели «ҷудо намудани маблағ» ба модели «субсидияи натиҷадор» гузаштан пешниҳод гардид.
Дар низоми нав ҳосилдорӣ, сарфаи обу барқ ва ҳаҷми маҳсулоте, ки бар ивази захираҳои масрафшуда ба даст омадааст, ба сифати меъёрҳои асосӣ муайян мегарданд. Ҳамаи маълумот аз низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор бидуни омили инсонӣ дастрас карда мешавад. Барои ҳар як нафаре, ки субсидия мегирад, шиносномаи электронӣ ташаккул ёфта, натиҷаҳо ба таври онлайн пайгирӣ мешаванд.
Ин механизм нахуст дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об аз санҷиш гузаронида мешавад. Пас аз ҷудо шудани субсидия, дар давоми ду-се сол масрафи об, ҳосилнокӣ ва самарадории истифодаи об арзёбӣ мегардад. Дар сурати иҷро нашудани нишондиҳандаҳои муайянгардида, механизми баргардонидани маблағи субсидия татбиқ мешавад. Ин барои истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Дар муаррифӣ ба масъалаҳои такмили низоми суғуртаи кишоварзӣ низ диққати махсус дода шуд. Алҳол тавассути низоми иттилоотии «Agrosafe» тамоми равандҳо – аз пешниҳоди дархости электронӣ то ба расмият даровардани шартнома ва полис, мониторинг, экспертиза ва пардохти ҷубронпулӣ рақамӣ карда шудаанд.
Васеъ намудани фарогирии суғурта, аз ҷумла, суғуртаи ниҳол ва дарахтони боғу токзорҳо, чорвои воридотӣ, инчунин хавфҳое, ки ба ҳодисаҳои тасодуфӣ марбутанд, ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, барои чорводорӣ, сабзавоткорӣ, парвариши картошка ва пиёз маҳсулоти нави суғуртавӣ ҷорӣ мешаванд.
Соли 2027 бо суғурта фаро гирифтани 45 ҳазор корхонаи кишоварзӣ, то 60 фоиз расонидани фарогирии суғуртаи маҳсулоти кишоварзӣ, омодасозии 500 коршиноси мустақил ва пурра рақамӣ кардани хидматрасониҳои суғуртавӣ чун ҳадаф муайян гардидааст.
Дар равиши нав баробари ҷуброни оқибатҳои зарар, ба пешгирии хатарҳо низ аҳамияти устувор дода мешавад. Дар фонди махсус ташаккул додани 3–5 фоизи мукофоти суғуртавӣ ва барои эмгузаронӣ, чораҳои пешгирикунанда ва хидматрасониҳои байтории соҳаи чорводорӣ, тадбирҳои ҳифзи биологии пахтакорӣ ва ғаллакорӣ, инчунин барои насби воситаҳои муҳофизат аз офатҳои табиӣ дар боғдорӣ ва токпарварӣ равона кардани онҳо пешниҳод гардид.
Сарвари давлат таъкид кард, ки низомҳои субсидия ва суғурта, пеш аз ҳама, бояд барои фермер сода ва мусоид бошанд ва маблағҳои давлатӣ ба натиҷаи мушаххас равона гарданд. Аз рӯйи коҳиш додани омили инсонӣ дар равандҳо, таъмини шаффофият, арзёбии одилонаи ҳодисаҳои суғуртавӣ ва пардохти саривақтии ҷубронпулӣ дастурҳо дода шуданд.
Ба масъулон супориш шуд, ки пешниҳодҳои баёншударо такмил дода, лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намоянд.