Дар маркази пойтахт –сайргоҳи нав

  • Дар маркази пойтахт –сайргоҳи нав
  • Дар маркази пойтахт –сайргоҳи нав

Бо ташаббуси ҳокимияти пойтахт ва Маркази маданияти уйғури шаҳри Тошканд дар кӯчаи марказии Юсуф Хос Ҳоҷиби пойтахт сайргоҳи замонавӣ ба истифода супурда шуд.

Ин кӯча ба кӯчаи Шота Руставелӣ параллел ҷойгир буда, аз кӯчаи Бобур оғоз меёбад ва  то кӯчаи Афросиёб (наздикии истгоҳи метрои «Космонавтлар») идома меёбад. Дар ду тарафи кӯча меҳмонхонаҳои зиёд, биноҳои истиқоматӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ҷойгир мебошанд.

Маросими ифтитоҳи сайргоҳ ба як ҷашни воқеии мардумӣ табдил ёфт. Дар он намояндагони ҳар ду палатаи Олий Маҷлис, ҳокимияти но-ҳияи Яккасарой ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд.

Ҳамчунин, дар ин ҷо ба хотираи мутафаккири бузург, арбоби давлатӣ ва муаллифи асари машҳур ба забони туркӣ «Қутадғу билиг» («Донише, ки ба саодат мебарад»)-и Юсуф Хос Ҳоҷиб нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.

Дар истироҳатгоҳ барои сокинон инфрасохтори муносиб фароҳам оварда шуда, дар асоси тарҳи муосири ландшафтӣ майдонҳои сабз, нишастгоҳҳо ва роҳравҳои сайругашт бунёд гардидаанд.

Сайргоҳ на танҳо ба ободонӣ ва боз ҳам зеботар гардидани ҳудуд мусоидат мекунад, балки барои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар қалби насли ҷавон низ замина мегузорад.

Н. Нодирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: