Дастгирии рӯзномаи худро фаромӯш накунед!

Бо супориши идора борҳо ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар кардаам. Дар ин маҷро бо одамони касбу кори гуногун, соҳибдилону аҳли маърифат, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, коргарони одӣ ва ҳоказо ҳамсуҳбат шудаам ва аз онҳо даъват кардаам, ки минбари ягонаи худ дар сатҳи ҷумҳурӣ – «Овози тоҷик»-ро дастгирӣ кунанд, то тоҷикони мамлакат аз минбари худ бебаҳра нашаванд.

Бо вуҷуди ин, вокунишҳои мусбат сол аз сол рӯ ба коҳиш овардаву муштариёни он, ки солҳои пеш ҳазорҳо нафарро ташкил мекарданд, хосатан дар ду-се соли охир садҳо нафарро ташкил мекунад. Ҳувайдост, ки ҳар як ходими рӯзномаро лозим меояд, ки дар маъракаи обуна низ саҳмгузор бошад.

Аслан муассисони рӯзнома – Палатаи қонунгузорӣ, Сенати Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ӯзбекистон ва дастандаркорони ин ниҳодҳо мусоидат намоянд, ки вазорату идора ва ташкилотҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ вазифадор гарданд, ки дар обуна фаъолнокӣ нишон диҳанд ва обунаро ба нашрияҳои марказӣ таъмин кунанд. Аммо...

Аммо ҳар сол дар мавсими обуна, ки аз моҳи сентябр то охири моҳи декабр давом мекунад, муассисон ба ин кор иқдом намекунанд ва сонӣ ин холигоҳ иҷборан аз ҳисоби буҷаи давлат пур карда мешавад.

Дар соли 2024 бо дастгирии молиявии давлат  ғайр аз 365 нафар муштарии обунашуда боз 4 ҳазор нусхаи иловагии «Овози тоҷик» нашр гардид ва он ҳама ба дасти хонандаҳо ройгон расид. Дар соли 2025 бошад, теъдоди «Овози тоҷик» беш аз 3 ҳазор нусхаро ташкил дод, аммо дар соли 2026 давлат танҳо нашри 2 ҳазор нусхаи рӯзномаро таъмини молӣ намуд. 

Боз як мушкил пеш омадааст – аз тариқи ширкатҳои хусусӣ дастрас намудани рӯзнома ба хонандагонаш. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то кунун мувофиқи руйхати хоси идораи рӯзнома ба ташкилоту идораҳо, шаҳру вилоятҳо пурра дастрас намегардад ва инро аз идораҳои марбута касе таҳқиқ намекунад. Чаро нашавад, ки рӯзнома – нашрияи давлатӣ ва моли давлат ба воситаи ҶС «Ӯзбекистон почтаси» ба вилоятҳои кишвар дастрас карда шавад?

Чунин ҳол рух додааст, ки чанд шумораи рӯзнома якбора ба нуқоти муқаррарнамудаи таҳририяти рӯзнома мерасад ва касе масъулияти тақсимоти онро бар дӯш намегирад.

Омили дигар – аз рӯзномаи худ дур шудани муштариёни собиқ мебошад, ки ҳамеша онро дастгирӣ мекарданд ва дигаронро ташвиқ менамуданд, ки ба рӯзнома обуна шаванд. Пӯшида нест, ки дар баробари равшанфикрон рӯзномаҳоро асосан кормандони соҳаи маориф, мисли омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ, инчунин ходимони муассисаҳои тиббӣ, дӯстдори забону фарҳанги миллӣ ва амсоли он мутолиа мекунанд. Аммо аз як сӯ, ба далели сол аз сол гарон шудани нархи нашрия, аз сӯи дигар бо айби кормандони ширкатҳои хусусӣ сари вақт ба муштарӣ дастрас нашудани ҳар як шумораи он теъдоди муштариёнро ба дараҷаи ногуфтанӣ коҳиш додааст.

Чӣ ҷойи андеша? Дар таблиғ ва пахшу паҳн намудани баъзе рӯзномаҳо дастандаркорони ҳокимиятҳои маҳаллӣ хеле «фидокоранд», ки ин пӯшида нест. Аммо дар се-чор соли охир нисбати рӯзнома аз тарафи ҳокимиятҳои маҳаллӣ маҳз ҳамин гуна муносибати хунукназарона рух медиҳад, ки дар шарҳу тафсири он ҳатто қалам оҷиз аст. Инро дар мисоли ноҳияҳои вилояти Фарғона, мисли Сӯх дидан мумкин аст, ки 99 дарсади сокинонаш тоҷик ҳастанд. Инчунин дар шаҳри Қувасой, ноҳияҳои Қува, Фарғона, Олтиариқ, Риштон ва Ёзёвон, ки як қисми сокинонаш аз мардуми тоҷиктабор иборатанд.

Мешавад гуфт, ки мазмун ва муҳтавои рӯзнома нисбати солҳои пеш хеле боло рафтааст. Дар ҳамин ҳол ба аҳли қалами рӯзнома  ҷалб шудани қаламкашони моҳири ҷавон мусоидат намудааст, ки матолиби саҳифаҳои рӯзнома беш аз пеш ҷаззоб ва хонданӣ барояд. 

Банда на ба сифати корманди «Овози тоҷик», балки минҳайси як нафар мубаллиғи забону фарҳангу адаб даъват мекунам, ки минбари худро дастгирӣ кунанду обуна шаванд. Мо садҳо нафар шоиру нависанда дорем, ки дар шаҳру ноҳияҳои соири вилоятҳои ҷумҳурӣ кору зиндагӣ мекунанд. Даҳҳо нафарашон соҳибкитоб ҳастанд ва ба забони модарӣ шеъру достон ва қиссаву ҳикоя менависанд. Онҳо сарҳанги ин кор бояд қарор гиранд.

Албатта, обуна маҷбурӣ нест ва ҳар кас мувофиқи табъу хосташ ба ин ё он нашрияву маҷалла худро номнавис мекунад. Вале ҳувияти миллӣ-чӣ? Масъулияти ҳимоят аз забону фарҳанг-чӣ? Магар инҳо танҳо гапҳои хушку холиянд?!

Дар ин самт бояд дастандаркорони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва соири вилояту шаҳру ноҳияҳо аввал худ ба дигарон намунаи ибрат шаванд ва ҷиҳати дастгирии рӯзнома ҷиддан иқдом намоянд. Зеро онҳо то дараҷае аз рӯзнома дур шудаанд, ки гӯё «Овози тоҷик» вуҷуд надорад.

Дар байни мардум мегӯянд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мебояд».  Ҳоло то эълон шудани мавсими расмии обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишвар андак вақт ҳаст.

Дигар наметавон ба умеди ҳокимиятҳои маҳаллӣ шуд, зеро дар ин солҳо  собит гардид, ки дастгирии «Овози тоҷик»-ро дастандаркорони он кайҳо фаромӯш кардаанд. Ин дар мисоли ҳокимияти вилояти Фарғона ва шаҳру ноҳияҳои он борҳо эҳсос гардидааст. Дар рӯйхати тавсияи ҳокимияти вилоят  номи рӯзномаи «Овози тоҷик» панҷ соли охир ҳатто дар қатори нашрияҳои  дигар ворид карда нашудааст.

Дар ин маврид бо ноиби ҳокими вилояти Фарғона оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавӣ-маърифатӣ Шерзодҷон Полвонов гуфтугӯ доштам. Вай ваъда дод, ки имсол аз пайи ин кор хоҳад шуд ва мо ба ӯ бовар мекунем.

 Аммо худи мо, соҳибзабонон бояд ба ваҳдат биёем ва ба ҷойи бо дабдабаву шукӯҳ баргузор намудани маросимҳои даркориву нодаркорӣ андак ба забону фарҳанг ва минбарамон – «Овози тоҷик» таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

 

Мирасрор Аҳроров,

мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Фарғона.

Аксбардор: Т. Ховарӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: