Оё шунидаед ё гувоҳ будаед, ки се ҳамсинфи синнашон аз 80 боло (ҳар се соли 1945 дар шаҳри Истаравшан (Ӯротепа)-и Тоҷикистон чашм ба дунё кушодаанду дастпарварони мактаби рақами 1-уми ҳамин шаҳр буда, соли 1962, пас аз гирифтани номаи камол тақдир онҳоро ҳар сӯ бурдааст) тақдимоти китобҳо, зиндагиномаҳояшонро дар зодгоҳ бо ҳамсабақҳо ва ихлосмандони сершумор пас аз солҳои тӯлонӣ баргузор намоянд?
Воқеан, ҳодисаи ғайриодӣ ва бисёр хурсандибахш ҳам ҳаст. Онҳоро беҳтарин кашфиёти башарият – китоб ва меҳри зодгоҳ гирди ҳам овард. Рӯнамоии китобҳо дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори шаҳр баргузор гардид. Чаро маҳз дар ин ҷо?
Яке аз қаҳрамонони он тадбирро дар Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон хуб мешиносанд. Ӯ – Мурод Ҳамидович Махсудов, роҳбари корхонаи хусусии «Истаравшан» аст. Аз корҳои хайри вай бобати тарғиби рӯзномаву китобҳои тоҷикӣ бисёр гуфтаанду навиштаанд ва боз хоҳанд гуфт. Китобе, ки дар бораи ҳаёт ва кору фаъолияти ин марди шариф ҳикоя мекунад, ба қалами Маъруф Отахонзода ва Нодира Отахонова тааллуқ дошта, бо номи «Дарёдил» таълиф гардидааст. Онро соли равон нашриёти «Маhorat»-и Самарқанд чоп карда буд.
17 июни соли ҷорӣ Маркази миллии фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» рӯнамоии китобро ташкил карда буд. Муродака аз аввали солҳои 60 дар Тошканд кору зиндагӣ мекунад. Шефтаи каломи бадеъ аст. Дар байни ҳам тоҷикон, ҳам бародарони ӯзбек бо корҳои нек ва саховатпешагӣ соҳиби эҳтиром шудааст. «Дарёдил» айнан аз фазилатҳои ин родмард, дарёдилии вай нақл мекунад. Овони бачагии ӯ хеле ҷолиб ва вобаста ба зодгоҳаш моҳирона инъикос ёфтааст. Аз ин рӯ иштирокдорони вохӯрӣ китобро даст ба даст дода, хотираҳои айёми бачагии Муродакаро ба ёд меоварданд.
Олими маъруф Ӯлмас Мирсаидов ба муаррифӣ ниёз надорад. Ӯро дар Ӯзбекистон ҳам нағз медонанд. Натиҷаҳои тадқиқоташ дар иттиҳодияи «Навоиазот»-и Ӯзбекистон аз санҷиш гузаштаанд. Ӯ муддати даҳ сол (1995-2005) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Сипас директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ таъин шуд. Ҳоло мушовири ин соҳа, ба шогирдон таълим медиҳад. Академик ба ҷоизаи бонуфузтарини ИДМ «Ситораи Иттиҳод» ва дигар мукофотҳои байналмилалӣ лоиқ дониста шудааст. Китобҳои ӯ «Устодони ман», »Сарварони фидокори илм», «Президентҳои АИ Тоҷикистон», «Онҳо шуҳратёри Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра маълуму машҳуранд. Аз ҷумла асари «Сарварони фидокори илм» аз зиндагиномаи чаҳор президенти АИ Тоҷикистон ҳикоя менамояд, ки се нафарашон – Садриддин Айнӣ, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ муддате дар Ӯзбекистон ҳам кору зиндагӣ карда, ба инкишофи илми кишвари мо саҳми бузург гузоштаанд.
Дар чорабинии мазкур китоби нави академик Ӯлмас Мирсаидов «Авроқи рангини рӯзгори дӯстон ва шогирдон» дар шакли чоп ва ҳам электронӣ пешкаш карда шуд. Дар бораи китоб олимон, шогирдони олим андешаҳояшонро иброз намуданд. Тавре ки зикр шуд, ин ҳамоиш дар бинои мактаб-интернати навбунёди шаҳр баргузор гардид. Барои бунёди ин иншооти муҳим Ӯлмас Мирсаидов баробари соҳибкори номӣ Абдуҳамид Мӯъминов ва ҳуқуқшиноси маъруф Маҳкам Маҳмудзода маблағгузорӣ намудааст. Иншоот аз бинои таълимӣ, хобгоҳ ва толори варзиш иборат аст.
Рӯнамоии китоби тозанашри журналист ва адиб Юсуфҷон Абдураҳимов «80 сафҳаи зиндагӣ» низ дар ҳамин ҷо ба амал омад. Бояд гуфт, ки муаллиф дар телевизион, радио, газетаву маҷаллаҳои Тоҷикистон сермаҳсул кору эҷод кардааст. Соли 2011 китоби «Ману бародарам ва чойхонаи падарам» чоп шуда буд. Падари Юсуфҷонакоро Абдураҳими собунгар мегуфтанд. Баъдтар ӯ бо чойхонаи дорои чархи фалакаш дар шафати наҳри шаҳр машҳур гардид ва дар сафҳаи таърих монд. Бино ба нақли муаллиф, меҳмонони падараш аз деҳоти гирду атроф ва ноҳияҳои Зомину Янгиери Ӯзбекистон зиёд буданд. Ба чойхона шомгоҳон олимон ва адибони маъруф низ ҷамъ омада, бедилхониву шоҳномасароӣ мекардаанд. Алқисса, китоби Ю.Абдураҳимов як пораи муҳими таърихи Истаравшанро дар бар гирифтааст.
Дар асар ғайр аз очерку ёддоштҳо оид ба инсонҳои маъруфи диёр – дар бораи соҳибкори номӣ Абдуҳамид Мӯъминов, ки имрӯз дар «Тошкент-сити» меҳмонхонаи «Ҳолидей-инн» («Истаравшан»)-ро барпо кардаасту дар пешрафти зодгоҳаш Истаравшан ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон саҳмгузор мебошад, эссеи хеле хонданибоб ҷой гирифтааст. Муаллиф ҳамсинф ва дӯсти содиқи бачагиаш Мурод Махсудови истаравшании тошкандиро низ фаромӯш накардааст. Боби «Мардони нексиришт» маҳз дар бораи Муродакост.
Собиқадори меҳнат, арбоби давлатию ҷамъиятӣ, собиқ раиси ҳукумати Истаравшан Қурбон Тӯраеви 85-сола дар боби арзиши китобҳои фавқуззикр суханҳои ҷолиб гуфт. Баёнгари таърих ва ибратпазир будани онҳо такроран таъкид гардид.
Шоқаҳҳори Муҳаббатзод,
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.
Дар акс: (аз чап) ҳамсинфон Юсуфҷон Абдураҳимов, Ӯлмас Мирсаидов ва Мурод Махсудов.