Роҳҳои равон – роҳати ҷон

  • Роҳҳои равон – роҳати ҷон
  • Роҳҳои равон – роҳати ҷон

Ҳар яки мо хуб медонем, ки роҳҳои ободу ҳамвор сайру сафарро осон ва бехатар мегардонанд.

Дуру дароз ин роҳҳо, шебу фароз ин роҳҳо,

Ҳам дилгудоз ин роҳҳо, ҳам дилнавоз ин роҳҳо.

                                                       Лоиқ
Ҳар яки мо хуб медонем, ки роҳҳои ободу ҳамвор сайру сафарро осон ва бехатар мегардонанд. Баръакс, роҳҳои ноҳамвору таъмирталаб боиси нороҳатии ронандагону мусофирон мешаванд. Барои он ки ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо бехатар бошад, роҳсозон шабу рӯз заҳмат мекашанд. Мо инро дар роҳҳои ноҳияамон ба хубӣ мебинем: онҳо ҷойҳои вайроншударо таъмир мекунанд, чуқуриҳои дар натиҷаи борон ва жола баамаломадаро бо шағал пур намуда, аз нав мумфарш мегардонанд.

Кормандони Идораи таъмиру истифодаи роҳ-ҳои автомобилгарди но-ҳияи Сӯх дар корҳои таъмиру тармим ва мумфаршкунии роҳҳо фаъолияти назаррас доранд. Дар ин коргоҳ 48 нафар кор мекунанд. Онҳо новобаста аз гармову сармои фаслҳои сол ҳамеша дар пайи кор буда, барои бартараф намудани мушкилоти роҳҳо омодаанд.

Тавре сармутахассиси идора Умедҷон Ғозиев мегӯяд, доираи фаъолияти кормандони онҳо 103 километр роҳи автомобилгарди ноҳияро фаро мегирад. Аз ин шумора 65 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд, ки корҳои таъмиру ободонии онҳо дар ҳамкорӣ бо кормандони идораи корҳои ободонӣ ба роҳ монда шудаанд. Кормандони идораи роҳсозӣ бо ҷалби пудратчиён кӯчаи Ҳоити Нишони ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Ҳазрати Алиро дар муддати кӯтоҳ асфалтпӯш карданд. Ин кори онҳо боиси қаноатмандии сокинон гардид.

Ба наздикӣ дар натиҷаи борону жолаи шадид сел омад ва роҳу кӯчаҳо, пулҳо ва хонаҳои сокинони маҳаллаи Малбути ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Навобод осеб диданд. Роҳсозон яке аз аввалинҳо шуда ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардиданд. Бо роҳбарии сардори идора Носирҷон Мирзоев тамоми техникаву механизмҳо ва кормандон сафарбар карда шуданд. Дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои сел дар роҳҳо бартараф гардид. Роҳҳои осебдида ва кӯчаҳои пур аз обу гилу лой ва шағал тоза карда шуда, ҷойҳои вайроншуда таъмир ва аз нав асфалтпӯш гардиданд.

Дар коргоҳ аксари кормандон фаъолу масъулиятшиносанд. Онҳо бо садоқату масъулияти баланд меҳнат мекунанд. Табиист, ки заҳмати чунин кормандони пешқадам қадрдонӣ мешавад. Дар чорабиниҳои идона ва ҷашнҳо ба кормандон тӯҳфаҳои гуногун, аз ҷумла орду равған, тақдим карда мешаванд. Чор нафар аз пешқадамони собиқадор ва фаъол бо нишони сарисинагии «Ӯзбекистон Республикаси мустақиллигининг 35 йиллиги» сарфароз гардонида шуданд. Роҳсозон Солиҷон Аминов, Муфтиҷон Охонов, Абдусалим Тошматов, ронанда Ҳаётҷон Мелиев, механизатор Бегназар Бегназаров, Йигиталӣ Шарипов, Йӯлчибой Тӯйчиев, Зархор Шарипов, Аловиддин Шарипов ва қариб ҳамаи аъзои ҷамоа дар иҷрои вазифаҳои худ намунаи ибрат мебошанд. Мудири шуъбаи бехатарии ҳаракат Зафарҷон Мирзоев ба коргарон ҳамеша роҳу равиши кор меомӯзонад, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо таъмин шавад. Бояд гуфт, ки коргарон дар сари вақт музди меҳнати худро мегиранд, ки ба ин сармуҳосиб Ҳабибҷон Ҷавҳаралиев ҳамеша масъул аст.

Сармуҳандиси идора Нурулло Ҷалолов иттилоъ дод, ки дар корхона 20  техникаи роҳсозӣ, 6 механизм ва 14 воситаи нақлиёт мавҷуд аст. Ба наздикӣ бо кумаки ҳукумат се адад техникаи муосири корӣ дастрас гардид. Ин техника имкон медиҳад, ки корҳои бузурги роҳсозӣ бо сифати баланд ва дар мӯҳлати кӯтоҳтар иҷро карда шаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки роҳи кӯҳии Ровон – Умбара ҳангоми боришоти шадид зери сел мемонад ва ҳаракати нақлиёт аз чанд соат то чанд рӯз муваққаттан қатъ мегардад. Барои барқарор ва омода намудани роҳ қувваву вақти зиёд ва маблағ сарф мешавад.

Бо мақсади осон намудани рафтуомади сокинон роҳи қадимаи соҳили дарё низ барқарор карда мешавад. Ин роҳ метавонад дар ҳолатҳои фавқулода ҳамчун роҳи алтернатив истифода шавад.

Роҳсозон барои иҷрои ин корҳои муҳим тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ хоҳанд дод. Роҳбари идора Носирҷон Мирзоев низ касби роҳсозиро аз падари худ омӯхтааст ва тамоми нозукиҳои таъмиру тармими роҳҳои ноҳияро хуб медонад. Ӯ солҳои зиёд ҳамроҳи падари худ дорандаи ордени «Дӯст-лик», роҳбари собиқи коргоҳ ва собиқадори фахрии меҳнат Ҳабибҳоҷӣ Мирзоев кор кардааст ва дар рафти сухан байти зебои шоири тавонои Сӯхмарз Садриддини Ҳушёриро мехонад:

Ман тариқи зиндагиро аз падар омӯхтам,

Одаму одамгариро аз падар омӯхтам.

Ҳабибҳоҷӣ Мирзоев имрӯз низ ҳамчун пири роҳу роҳсозӣ барои фарзандаш ва ҳамкорони ӯ раҳнамо, маслиҳатгар ва машваратчӣ мебошад. Носирҷон Мирзоев мегӯяд, ки дар пеш нақшаҳои бузург истодаанд. Аз ҷумла, сохтмони пулҳо аз болои дарёчаҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон, мунтазам аз таъмир баровардани роҳҳои давлатӣ, бунёди роҳҳои муносибу бехатар барои нақлиёт ва сокинон ва дигар корҳои созандагӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои роҳсозони ноҳия мебошанд.

Дар ҳақиқат, роҳи равон – роҳати ҷон ва мояи осоиши мардум аст.

Раҳимбердӣ Тошматов,
Баҳриддин
Тоҷиддинов.

Ноҳияи Сӯх.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: