Гейтс: рушди зеҳни сунъӣ метавонад ба марги як миллиард инсон оварда расонад

Миллиардери амрикоӣ ва асосгузори ширкати Microsoft Билл Гейтс бар ин назар аст, ки ҳукуматҳо бояд дар назорати рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ иштирок кунанд.

Асосгузори Microsoft Билл Гейтс гуфтааст, ки рушди зеҳни сунъӣ метавонад ба рӯй додани воқеаҳое сабаб шавад, ки дар натиҷа як миллиард инсон ҷони худро аз даст диҳанд. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо NBC News изҳори назар кардааст.
«Зеҳни сунъӣ, бешубҳа, ба қадри кофӣ қудратманд аст, ки ба идора шудани воқеаҳое мусоидат кунад, ки метавонанд боиси марги як миллиард нафар шаванд. Шояд ба 100 дарсад расидан душвор бошад, аммо истифодаи абзорҳои пурқудрати зеҳни сунъӣ аз ҷониби одамони дорои ниятҳои бад чизест, ки қаблан ба ин шакл вуҷуд надошт», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи миллиардер, худтанзимкунии ширкатҳои фаъол дар соҳаи зеҳни сунъӣ кофӣ нест. Аз ин рӯ, ҳукуматҳо бояд дар назорати рушди ин технологияҳо иштирок кунанд.
Гейтс ҳукумати ИМА-ро даъват кардааст, ки қонунгузории дахлдорро қабул карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сиёсатмадоронро ба муҳокимаҳои марбут ба кафолатҳои амниятӣ ва назорати зеҳни сунъӣ ҷалб намояд.
«Ин бояд ҳатмӣ бошад. Барои ин соҳа чунин чора хароҷоти иловагии чандон зиёдро талаб намекунад, аммо набояд боиси сустшавии ҷиддии фаъолияти онҳо гардад», — афзуд ӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: