Тӯй: анъана, исроф ва масъулияти ҳаёти нав

Дар шумораи 72-юми «Овози тоҷик» (12 сентябри соли 2026) мақолаи сархатиби ноҳияи Сариосиё Фазлиддин Кароматуллоҳ таҳти унвони «Тӯй як рӯз аст, аммо оила як умр» чоп шуд. Муаллиф дар мақола дар бораи яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – фарҳанги баргузории тӯй, тартибу интизом, пешгирӣ аз исрофкорӣ ва риояи одобу ахлоқи диниву миллӣ дар пояи мисолҳои ҳаётӣ ва андешаҳои бузургон ҳарф задааст.

Воқеан, дар ҳаёти ҳар як инсон бунёди оила аз муҳимтарин ва масъулиятноктарин қадамҳо ба шумор меравад. Ин оғози як зиндагии нав, пайванди ду дил ва қабули масъулияти бузург дар назди якдигар ва ҷомеа мебошад.
Вақте дар бораи тӯй ва анъанаҳои он ҳарф мезанем, саволе ба миён меояд: оё ҳамаи анъана ва расму ойинҳое, ки имрӯз дар атрофи тӯй, бахусус, базми арӯсӣ шакл гирифтаанд, воқеан заруранд? Онҳо дар хушбахт гардидани  ҷавонон то чӣ андоза муҳиманд?
Аслан, вақте дар бораи тӯй сухан мегӯем, пеши назар чӣ меояд? Фикр мекунам, аксар дар бораи қалинпулӣ, дасторхони дабдабаноки тӯй, оши наҳор, базми бошукӯҳ, либосҳои гаронбаҳо, тилловориҳо, туҳфаҳои қимат, хароҷоти бешумор ва албатта, як ҷумлаи шинос: «Мардум чӣ мегӯянд?» меандешанд.
Маҳз ҳамин андешаи «Мардум чӣ мегӯянд?» ҳоло ба яке аз меъёрҳои нонавиштаи зиндагии мо табдил ёфтааст. Ва дар пасманзари чунин мулоҳиза, аксар одамон имкониятҳои худро сарфи назар карда, аз рӯйи рақобат тӯй мекунанд: «Ӯ чӣ кард? Ман бояд бештар кунам», «Фалонӣ ин қадар меҳмон даъват кард. Мо набояд аз онҳо кам бошем». Ва ҳамин тавр, як маросими шодмонӣ оҳиста-оҳиста ба майдони мусобиқаи намоишкорӣ табдил меёбад.
Чанде пеш дар як тӯй иштирок кардам. Ба оши наҳор қариб 500 нафарро даъват карда буданд. Аз соати шаши субҳ то нӯҳ мардон, баъд бонувон омаданд. Дасторхон аз нозу неъмати гуногун пур буд: ба маъное ҷойи сӯзанхалонӣ ёфт намешуд. Ин буд, ки баъди анҷоми маросим қисми зиёди нон, мева ва ширинӣ рӯйи дасторхон монд. «Дар базми шаб тақсим мекунем», гуфтанд, вале баъд «тақдир»-и он ҳама нуқлу наво чӣ шуд, намедонам.
Шом бошад, аз нав барои қариб 700 нафар дасторхон оростанд. Суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ, меҳмонони зиёд ва боз исрофкориҳо...
Албатта, тӯй бояд бо шодиву сурур гузарад. Хурсандӣ айб нест. Меҳмоннавозӣ низ аз арзишҳои хуби мост. Аммо суол ба миён меояд: оё барои нишон додани меҳмоннавозӣ даъвати садҳо нафар зарур аст? Исроф кардани нозу неъмати зиёдро чӣ гуна метавон фаҳмид?
Гоҳо соҳибтӯён бо баҳонаи «анъана ҳамин хел», хароҷоти миёншикан мекунанд. Мо набояд фаромӯш кунем, ки анъанаҳо дар зиндагии инсон шакл мегиранд ва бо тағйир ёфтани шароити иҷтимоӣ метавонанд тағйир ёбанд. Дуруст, арзишҳои накӯе чун меҳмоннавозӣ, эҳтироми калонсолон, дуои падару модар, самимияти хешу табор ва монанди инро бояд ҳифз кунем. Аммо расму оинҳое низ ҳастанд, ки идома додани онҳо ба зарари кор аст. Ва гоҳо баъзе оилаҳо маҳз ба шарофати чунин анъанаҳои «нав ба нав», чун хариди тилловорӣ, таҷҳизоти хидматрасонӣ, либосҳои базмӣ ва амсоли ин қарз мегиранд. Тӯй мегузарад, меҳмонон мераванд, дасторхон ҷамъ мешавад. Аммо қарз бо тамоми дарди сараш мемонад.
Ва зиндагии воқеии навхонадорон маҳз баъд аз ҳамин рӯз оғоз меёбад.
Онҳо аз рӯзҳои аввал бо даҳҳо масъулияти нав, чун хона, ҷойи кор, хароҷоти рӯзгор, таҳсил, ҳифзи саломатӣ, бо гузашти вақт – парвариши фарзанд ва масъалаҳои дигар рӯ ба рӯ мешаванд. Савол: чаро як ҷуфти ҷавон ба ҷойи базми чандсоатаи пурдабдаба, қисме аз маблағро барои оғози зиндагии худ истифода набаранд? Барои чӣ ба ҷойи чанд рӯзи омодагӣ ба тӯй ва чанд соли пардохти қарз, як сафари хотирмон анҷом надиҳанд?
Аз ин рӯ, мо – ҷавононро зарур аст, ки на танҳо ба тӯй, балки ба ҳаёти баъд аз тӯй бояд бештар омода шавем. Зеро тӯй як рӯз аст. Оила – як умр.
Бо як сухан, тӯй бояд рӯзи шодӣ бошад, на рӯзи исроф; рӯзи пайвастани ду инсон бошад, на рӯзи рақобати ду оила; рӯзи дуо ва меҳр бошад, на маросими худнамоӣ.
 
Муслимбек НАВРӮЗОВ,
донишҷӯйи факултаи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: