Кӯл ҳавзи табиии об мебошад, ки дар чуқуриҳои сатҳи хушкӣ ҷамъ шуда, бо уқёнусҳои ҷаҳонӣ робитаи мустақим надорад. Об дар кӯлҳо мисли дарёҳо фаъолона ҷорӣ намешавад, балки дар дохили ҳавзаи муайян ҷамъ мешавад. Дар кишвари мо кӯлҳои зиёде мавҷуданд ва аҳамияти онҳо барои иқлими табиии кишвар низ бениҳоят бузург.
Масалан, кӯлҳои Айдар-Арнасой, ки дар ҳудуди вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ ҷойгир буда, аҳамияти байналмилалӣ доранд, кӯли калони Сариқамиш дар ҳудуди вилояти Хоразм ва марзи Туркманистон, кӯли табиии Денгизкӯл дар вилояти Бухоро, ки ба Конвенсияи Рамсар шомил шудааст, Тӯдакӯл, ки дар ҳамин вилоят ҳамчун минтақаи истироҳатӣ истифода мешавад, кӯли шӯри Қарақир, Ҷӯнкӯл дар вилояти Навоӣ ва ҳудуди Қизилқум, инчунин кӯлҳои Судоче дар Қароқалпоқистон, ки дар натиҷаи хушкшавии баҳри Арал боқӣ мондаанд. Илова бар ин, дар ҳудуди кишвари мо як қатор кӯлҳои зебо ва нодири кӯҳӣ ва биёбонӣ, аз ҷумла кӯлҳои Урунғоч (кӯли нефрит) ва кӯлҳои хурди ҳавзаи дарёи Пском мавҷуданд.
Кӯлҳои табиӣ макони зисти намудҳои нодири растанӣ, моҳӣ ва паррандаҳо ба ҳисоб рафта, ҳарорат ва намии муҳити атрофро нигоҳ медоранд ва дар гардиши глобалии об дар табиат фаъолона иштирок мекунанд.
Кӯлҳои оби ширин аҳамияти боз ҳам бештар доранд. Онҳо ҳамчун захираи асосии об барои аҳолӣ ва чорводорӣ, инчунин барои обёрии заминҳои кишоварзӣ хизмат мекунанд. Илова бар ин, ҳангоми боришоти шадид онҳо оби зиёдатиро дар худ ҷамъ карда, хатари обхезии дарёҳоро коҳиш медиҳанд, растанӣ ва микроорганизмҳои он обро аз моддаҳои зараровар полоиш мекунанд.
Низоми кӯлҳои Айдар-Арнасой яке аз калонтарин ҳавзаҳои обии дохилии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ин кӯл бо роҳи сунъӣ-табиӣ ба вуҷуд омадааст: соли 1969 ҳангоми обхезии шадид оби зиёдатӣ аз обанбори Чордара ба пастхамии Арнасой равона мешавад ва дар натиҷа, кӯле, ки ҳоло 3750 километри мураббаъ масоҳат дорад, пайдо мешавад. Имрӯз он барои кишвар на танҳо як ҳавзи обӣ, балки объекти стратегии экологӣ низ ба ҳисоб меравад.
Кӯлҳои Айдар-Арнасой дар ҳифзи табиати минтақавии кишвари мо нақши хеле муҳим дорад. Ҳавзаҳои он обҳои ғайричашмдошти селу обхезиро қабул карда, аҳолӣ ва заминҳои кишоварзиро аз зери об мондан муҳофизат менамояд.
Ғайр аз ин, ин кӯлҳо ба рӯйхати Конвенсияи байналмилалии Рамсар шомил буда, дар ин ҷо садҳо намуди парранда, аз ҷумла намудҳои нодири мурғи саққо (пеликан) ва фламинго лона месозанд ё ҳангоми муҳоҷират таваққуф мекунанд. Қисми асосии моҳиҳои сайдшавандаи Ӯзбекистон, аз ҷумла сазан, лаққамоҳӣ ва амури сафед дар ҳамин ҷо парвариш мешаванд.
Маълум, ки бештар будани захираҳои об барои таъмини истиқлолияти давлатӣ, суботи иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ ҳамчун манбаи асосӣ хизмат мекунад.
Бо мақсади истифодаи олами ҳайвонот ва наботот ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар низоми кӯлҳои Айдар-Арнасой 16 сентябри соли 2024 Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъдаи тақвияти ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот ва баланд бардоштани самаранокии таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар низоми кӯлҳои Айдар-Арнасой» ба имзо расида буд. Тибқи қарор, қоидаҳои моҳидорӣ, истифодаи олами ҳайвонот ва наботот ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар ин кӯлҳо муайян карда шуданд.
Ҳоло тибқи қарори мазкур бо ҳамкории идораҳои дахлдор дар ин кӯлҳо дар бобати шикор, моҳидорӣ, истифодаи олами ҳайвонот ва наботот ва истифодаи ҳавзаҳои об пойгоҳи ягонаи электронии қонуншиканиҳои маъмурӣ ташкил карда шудааст.
Ғайр аз ин, байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти дахлдор барномаи амалҳои муштарак – созишнома оид ба мубориза бар зидди қӯруқшиканӣ дар низоми кӯлҳои Айдар-Арнасой ва пешгирии ғорату талафи маҳсулоти моҳӣ ба имзо расонида шудааст...
Аммо он чиз нигаронкунанда аст, ки ҳоло дар низоми кӯлҳои Айдар-Арнасой мушкилоти ҷиддии экологӣ, аз қабили шӯршавӣ ва кам шудани ҳаҷми об ба назар мерасад. Сабаби асосии ин коҳиши ҷараёни оби тоза аз обанбори Чордара ва рехтани оби шӯри коллектор-дренаж мебошад, ки шӯршавии обро зиёд карда, ба экосистемаи маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ғайр аз ин, тағйирёбии глобалии иқлим низ ба низоми кӯлҳо таъсир мерасонад, яъне ҳарорати баланди ҳаво боиси тезтар бухор шудани об аз сатҳи об мегардад.
Дар натиҷаи кам шудани ҳаҷми оби ширини воридшаванда сатҳи шӯршавии Айдаркӯл афзоиш ёфта, барои моҳӣ ва экосистемаи маҳаллӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҷиҳати хатарнокии ин раванд дар он аст, ки хушкшавии соҳилҳои кӯл метавонад мисли фоҷиаи Арал манбаи нави тӯфонҳои регу намакро ба вуҷуд оварад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки барои ҳифзи Айдар-Арнасой ва дигар кӯлҳои кишвари мо андешидани чораҳои таъхирнопазир зарур аст. Аз ҷумла, дар баҳисобгирии захираҳои обӣ васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои интеллектуалии «Smart water», истифодаи обёрии қатрагӣ дар заминҳои кишоварзӣ, пурзӯр намудани назорат бар зидди қӯруқшиканӣ, бунёд намудани саксавулзорҳо дар атрофи кӯлҳо ва камарбандҳои сабз дар соҳилҳо аз ҷумлаи чунин чораҳо мебошанд.
Набия Нодирова,
хабарнигори “Овози тоҷик”.